Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 195 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 195 аз 470 · 3 ноябри 2026

ки дар аҳди Темур ин пули хиштиро сохтааст, қисса оғоз меёбад ва чун нигоҳатон ба паст рафта, ба гирдобу даҳанаи зери ин пули вайрона бармехўрад, қиссаи дигар, як қиссаи ҳузнангез, нафратовар ва дилозоре ибтидо мегирад:
Писарбачча дастонашро ба бағал зада, чунон тез мерафт, ки гўё аз хона, аз хешу табор, аз ҳама мегурехта бошад. Нўги бинӣ ва гўшҳояш аз сармо пушти гули шафтолу барин ранг гирифта буданд. Писарбачча метохту қадам мезад, метохту қадам мезад, рухсораҳояш ҳам сурх шуданд, вале дар зери ин сурхиҳо як ранги заъфаронӣ сим мезад. Ў бо ҳамон шасте, ки мерафт, бозистод. Дар рўбарўяш тағояш баромад. Ҳар қадар дар рўяш сурхӣ буд, парид, пушти лабони ў ранги хокистарӣ гирифт. Ва ранги сару рўяш ранги либоси обшуста ва офтоббардоштаро монанд шуд.
— Куҷо метозӣ? – дар ҳайрат монда пурсид тағо.
— Ҳе-ҳеҷ куҷо.
— Чаро метозӣ?
— Ҳа-ҳамту.
— Оғилро тоза кардӣ?
— Ҳҳа.
— Нўшхўрдашро гирифта, наҳории тоза андохтӣ?
— Ҳа.
— Говҳоро об додӣ?
— Ҳа-ҳа.
— Чаро нафасат гашта истодааст?
— Давидам...
— Барои чӣ медавӣ?
— Ҳа-ҳамту.
Писарак чӣ ҷавоб гуфтанро надониста «ҳамту» гуфту монд.
Дар айни ҳол дилаш бозӣ мекард. Тағо шину хези сари сина, фароху танг шудани сўрохиҳои бинии ўро дид, аз қути кандааш чизеро дарк карда «гард, хона равем» гуфта пеш даромад. Чанд қадам монда, ба пас нигарист, ки писарак ҳоло ҳам карахт шуда, ба ў менигарад.
— Ў, кулўхи баччашм, чаро шах шудӣ? Биё! – шиддат кард ў ва гўё баробари садояш як даста оташ аз таги дилаш бархоста, дар ботинаш ғул-ғула андохт.
Пайкари хурди писарак ларзид. Баъд гўё аз даҳшати хунукӣ ва ё тарси он, ки ҳолиё ба даст афтода, сирру савдо фош мегардад, дандонҳояш ба ҳам хўрданд. Тағо манаҳ ва пайкари ларзони хоҳарзодаро дида, тааҷҷуб кард ва қадам пеш андохта, сўяш рафт.
Ба назари писари дувоздаҳсола чунин расид, ки аз тағояш гурехта, ақиб рафта истодааст. Вале тағо, марди болобаланди бадвоҳима, пурғазаб сўи ў мерафт. Намудаш мисли уқобе буд, ки худро сўи кабкчўҷае андохта бошад. Вале дар чунин вазъу ҳол ҳам писарак дастон аз бағал намегирифт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан