Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 194 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 194 аз 470 · 3 ноябри 2026

Агар барфи зиёде борида, кўрпа шавад, ёру ҷўраҳои меҳмонхона маслиҳат карда саҳари баланд калтаку асоҳо ба даст ба лаби ду теппайи канора ҳозир мешуданд ва саф кашида, боло мерафтанд. Ҳар ҷо-ҳар ҷо дар қаравулгоҳ як-як меистоданд ва ҷавонмардҳо то сари парра рафта аз ду тараф ба ҳам вохўрда, «ҳей-ҳей» гўён, кабкҳоро парронда-парронда рўи деҳа мефуроварданд. Баъд аспакиву пиёда онҳоро дошта мегирифтанд. Касони дар лаби теппаҳо истода дар куҷо кӣ чандто кабк дошт, ҳамаашро медиданд. Бегоҳ тамоми кабкҳо дар зери айвони масҷид ҷамъ мешуданд ва ба чаҳор меҳмонхона, аз рўи он, ки чанд одамаш баромадааст, қисмат мекарданд... Вале имрўз меҳмонхонаҳо намондаанд...
— Боз?
Боз ҳикоят мекунанд, ки Дузди Аваз ҳафт зан доштааст. Шабҳо ҳафт ҷогаҳи қатор партофта, мехобидаанд. Ҷўраҳо шўхӣ карда пурсанд, ки чӣ хел саришта мекунӣ? ҷавоб медодааст, ки худо дар як ҳафта ҳафт рўз додааст. Ва агар пурсанд, ки шаб берун бароӣ, ҷогаҳро гум намекунӣ? ҷавоб мегуфтааст, ки номашро гирифта ҷеғ мезанам ва аз овозаш ёфта меравам.
Баъд чунон шудааст, ки дар деҳа ҷавонзанеро шўй мурдааст.
Ҷавонзан он қадар зебо будааст, ки дар ягон афсона тасвирашро касе нашунидааст. Қоматбаланд будааст, як қади соиди даст гардани баёз доштааст. Дар пешониаш мисли қош дурра мебастааст.
Тамоми мардони деҳа ва деҳоти гирду атроф, ки ўро дидаанд ва ё овозаашро шунидаанд, умед бастаанд, даҳон андохтаанд, вале ҳеҷ кадоме ба занак хуш наомадаанд. Ва рўзе аз рўзҳо ин зан худ аз худ ба хонаи Дузди Аваз омада ба болои ҳафт занаш ба ў расиданӣ шудааст. Омада нишастааст ҳам. Ҷўраҳояш аз Дузди Аваз пурсидаанд, ки ту чӣ сеҳре дорӣ? ҷавоб гуфтааст, ки дар умрам ба зан гапи сахт нагуфтаам...
Ва боз?
Ва ин дафъа ба шумо як фоҷиаро ҳикоят карданӣ шуда, мегўянд, ки бисёр касоне, ки ин қиссаро медонанд, ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Ва касоне, ки ин фоҷиаро дар кўдакиашон дидаанд, хуб ёд надоранд ва хуб гуфта наметавонанд. Ба шумо маслиҳат медиҳанд, ки лаби рўди Зарафшон нишинед, беҳтар аз Зарафшон касе ин қисса ва он рўзгорро ба шумо ҳикоят карда наметавонад.
Вақте ки шумо мисли як марди заршўе, ки пўстак ба даст зарпора доштанӣ шуда, лаби Зарафшон нишаста ба туғёни он назар меафканед, мавҷҳо забона зада, уштулум карда, гўё соҳилро шуста мебурда бошанд, ба канораҳо бархўрда, сўи Дупула мешитобанд ва дар ҳамин манзил дар зери пулҳои паҳлў мисли мор ҳалқа зада ором мегиранд. Дар канори пули навсохти оҳанӣ, дар ҷои тангтар ва баландтари канораҳо оҷур боқист, ки дарак аз рўзгори кўҳан медиҳад. Оне, ки ба хиштпораҳо менигаред, аз як зани машҳур,

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан