Буд, НаБуд
1
Ҳикоят мекунанд, ки дар давраҳои пеш байни қабилаҳо хунрезиҳои зиёде мешудааст, пурзўрон камзўронро амон надода, поймол карда, мегузаштаанд, ҳатто деҳаҳоро ба хок яксон карда мерафтаанд. Вале ҳар боре, ки ба ин деҳаи хурд, ки дар даҳони дара мисли забон метобад, расиданд, нарм мешудаанд, хайма зада, дам мегирифтаанд ва аз аспи ҷаҳлу ғазаб фаромада, амон-амон мекардаанд. Мардум ин деҳаро дараи Амонӣ ном ниҳодаанд.
Сипас кадом забондон, шояд барои мизони сухан бошад, онро сайқал дода, «Амондара» гуфтааст. Ин деҳа хурд, вале чунон зебост, ки аз он тарафи рўди Зарафшон нигаред, гумон мекунед, ки гулфурўше чанд даста гулро даруни сабад гузошта нигарони харидор аст. Сафедорҳои баланд ва чормағзҳои парешоншохи азим аз наздик ба гулдастаҳо монанд шудан намехоҳанд, балки ҳашамат ва сарбаландии худро нигоҳ доштан мехоҳанд. Теппайи Гили Бўтта тарафи шарқии деҳаро печонида ва дар доманаи он каме даст гардонидааст. Гўё ин даст як умр деҳаро дошта меистода бошад ва дар ҳамон ҷо, ки мисли оринҷак шакл гирифтааст, ду дарахти туғ ва як бурси дерсолае ҳаст, ки шояд аввалин каси ин деҳа, ки баъди ҳазрати Одаму Момоҳаво ба дунё омада бошад ҳам, кай сабз шудани ин дарахтро надонад. Ин бурси дерсола шохҳои сабз ҳам дорад, шоххои хушк ҳам. Шохи рости теппааш хушки қоқ ва дар кадом фасле, ки дар он паррандае нишинад, аён мегардад. Ва агар дар нўги он аккае шишта «ғиш» гўяд, гўё ҷони мардуми деҳа мебарояд ва ҳар касе, ки наздиктар аст, «ҳо!» гуфта аккаро мепарронад... Ва баъд ба андеша рафта як қиссаи куҳанро ёд меорад, ки авлод ба авлод гузашта то ба ин рўз расидааст.
Гўё, вақте ки кофирон пайғамбареро таъқиб карда меоянд, он кас худро ба ин каҷӣ мегирад ва дар ин лаҳза ин бурси азим мекафад ва ҳазрат даруни ин бурс медарояд. Бурс боз ҷафс мешавад. Як нўги бари ҷомаи пайғамбари охирзамон берун мемонад ва гоҳе, ки душманон расида меоянд, акка бари ҷомаро кашида «ғишак, ғишак» кардан мегирад. Пайғамбар «Худоё, худовандо, аз даҳонат зоӣ!» гўён аккаро дуои бад мекунад ва акка ҳамон лаҳза аз даҳон мезояд. Вай «ғишак» гуфта наметавонад. Дар ҳамин вақт душманон гузашта мераванд ва ў байни бурс мемонад. Мегўянд, ки фардо «рўзи қиёмат» пайғамбар аз байни ин бурс хоҳад баромад.
Ин як ҳикоятест дар бораи ин деҳа. Ва боз пурсед, ки ин деҳа чӣ таърихе дорад? Мегўянд, ки ин деҳаи хурд чаҳор меҳмонхона дошт. Дар меҳмонхонаҳо ёру чўраҳо гаштак медоданд, бурутгирон ва бахиёзаи туй медоданд.





