Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 192 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 192 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҳаким аз рўи одамгарӣ онҳоро «меҳмондорӣ» кард, баъд дар берун ҷо андохт. Буққаҳои маст то рўз нагузоштанд, ки мудири нав хоб кунад…

Бойматов дар ферма навигарӣ овард. Хизмати аввалааш ҳамин шуд, ки ба ҷои Тўйчӣ подабон ёфт. Баъд ғўлунгхоӣ карда ба Ҳаким пичингҳо мепарронд ва оқибат гуфт:
— Домулло, барои шумо дар ферма кор нест.
— Хўш? – муддаои ўро фаҳмиданӣ шуда пурсид Ҳаким.
— Ягон баҳона нест, ки ба шумо рўзи меҳнат нависад.
Ҳаким дигар ба ў ҳарфе нагуфт. Ду-се рўз хомўш гашт. Ходачаҳо бурида дар сари киштааш козае сохт. Баъд ба касе чизе нагуфта хиргоҳро холӣ кард, ду гаҳвораро линг баста, Ҳасану Ҳусейнро сарборӣ кард ва ҳамзодҳои навро яктоӣ гирифта, Бунафшаву Ҳаётро пеш андохта аз хиргоҳ ба коза кўчиданд.
— Чӣ кор кардед, мардак? – пурсид Бону.
— Дунё ҳамин аст, занак, ҳар кас қўрро ба рўи кулчаи худ мекашад. Фермаи нав ҳам хеш дорад, табор дорад, ба онҳо ёрӣ доданаш лозим.
Гандуми лалмӣ аз насими дара мурғак мерафт, тиллоранг менамуд. Ҷо-ҷо пояҳо вазни хўшаҳоро набардошта афтида буданд.
Хўшаҳои сари роҳро роҳгузарҳо кандаанд ва пояҳо мисли дасти мунда метофтанд.
Ҳаким як сар хўшаро канда кафмол кард ва бо нафас коҳашро парронд ва донаҳои заррини гандумро ба каф дошта ба Бону намуд.
— Занак, нигар, ин ҳосили ранҷи деҳқонист. Ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ кас ин ҳунарро аз дасти деҳқон нагирифтааст.
— Ако, як бори дигар хизмат кунед, баъд ихтиёратон.
— Хуҳарам-муаллима, медонӣ, ки ман сухани туро намекушам...
Лекин... лекин... беҳуда омадӣ.
— Раиси калон омаданӣ буданд...
— Хайр, хуҳарам-муаллима, як бори дигар ба ҳурмати худат.
Леиин гўй, ки ду-се яшук себ гиранд, ба дарбонҳои заводу корчаллонҳо додан лозим. Набошад, як моҳ дар навбат меистем.
— Дар ҳамон ҷо ҳам навбат...
— Ҳа, хуҳарам-муаллима, одамон фақат барои мурдан навбат намегиранд, ҳар кас якеро пеш гузошта, худ қафо истодан мехоҳад.
Дар ҳамин ҷо одамон ба якдигар ғамхорӣ мекунанд. Инро ту хуб медонӣ...

«Шақ-шақ, шақара-шақ, шақу шаққ!!!»
1 декабри соли 1970

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан