Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 191 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 191 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҳаким гўё мисоли мум об шуд. Ҳамроҳи Ашўра базўр то хонааш омад, баъд «хайр, хуҳарам-муаллима, ман боз хабар мегирам» гуфту сўи овул рафт. Дар овул ба касе чизе нагуфт. Лаби об фаромада паҳлўи Санги Сипар нишаст ва гўё аз ў мадад мехоста бошад, дар бораи одам, тақдири ў ба гўши санг хонд:
«Ту ўро хуб мешиносӣ, Санги Сипар, чандин бор рў ба рўят истода гап зада буд, овозашро ҳам мешиносӣ, сипари овули мост.
Худаш бесипар шуд. Наход тақдири одам чунин бошад, наход эътибораш ҳамин бошад? Ту медонӣ-а ў чӣ хел зан аст? Медонӣ.
Дасти ту ҳам мисли дасти ман кўтоҳ. Хайр, ин ҳеҷ гап не. Одамро аз кор гиранд ҳам, ҷонашро намегиранд-ку. Ҳамту гуфтам-дия.
Кас ба қадри худаш, ба қадри меҳнати рафиқаш месўзад...»
Гуфтугўи Ҳакимро ду саворе, ки аз роҳи деҳа меомад, қатъ кард. Яке байтор ва дигаре марди ношиносе бар аспи сафеди Ашўра савор буд. Ҳаким худро ба нодонӣ зада, тоқиашро аз сар гирифта рўи тобасанге гузошт ва даст бар об тар карда сар молид, баъд об рехт.
Саворон ба овул даромаданд. Ҳаким омадани аспи сафедро дид, вале ин дафъа лаҷоми онро нагирифт. Қасдан нагирифт. «Некӣ ба касе кун, ки қадратро донад» гуфт ў ва соиду соқҳояшро бар об шустан гирифт. Ў дид, ки саворон дар назди хиргоҳаш аспонро лаҷом кашиданд. Бунафшаву Ҳаёт тозон баромада:
— Амак, муаллима-холем ку? – гўён аз байтор пурсиданд.
— Кор доранд, намеоянд, – ҷавоб дод ў.
— Эээ, – баробар овоз бароварданд онҳо.
— Додот канӣ? – пурсид байтор.
— Нестанд, – ҷавоб дод Ҳаёт, баъд дарро пўшид. Дигар садои касе набуд ва гўё аз онҳо ҳаросида касе аз козаву хиргоҳ берун намеомад. Сагони ҷакида ба пешвоз баромада акнун аз дуру наздик дум меликконданд.
— Ўў, ин санга бин-е! – яке чашмаш ба Санги Сипар афтида гуфт марди ношинос. Байтор он тараф нигариста «Санги Сипар ном дорад» гуфт ва дар пои он Ҳакимро дид.
— Ассалому алайкум! – ба сўи Ҳаким овоз дод ў.
Ҳаким гўё чизеро нашунид, гўшу биниашро тоза кардан гирифт.
— Ҳўў, акаи Ҳаким! – боз дод зад байтор.
Ҳаким фўтаро афшонда дасту рўяшро пок кард. Бад аз сангпар гузашта сўи хиргоҳ омад.
— Хўҷаини нав,– аз воқеаҳо бехабар марди зардмўи тунукбурутро нишон дода гуфт байтор.
— Ҳа, биёянд, – сохтакорона овоз баровард Ҳаким. Мардро шинохт. Ин ҳамон марди барои Ҳаким ношиносе буд, ки дар маҷлис хеле «маданӣ» гап мезад. Чӣ хеле ки байтор шинос кард:
«Рафиқ Бойматов...»

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан