Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 190 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 190 аз 470 · 3 ноябри 2026

Баъд аз ў боз як кас баромада ба ҳамин мазмун гап зад.
— Ба ман ҳам гап задан мумкин аст? – тоқат наоварда гуфт Ҳаким.
— Охир гуфтам-ку, ин маҷлис барои шумо не, мисоли гап, дар маҷлиси умумӣ...
— Он вақт дер мешавад, – давоми гапашро нагуфта қомат афрохт Ҳаким.
— Хайр, монед, гап зананд, – хоҳиш кард намояндаи райком.
Ҳаким ба гап даромад:
— Ман то ин рўз кару гунг будам, гўё гапи сахти касеро нашунида ва ба касе гапи сахт нагуфтаам. Вале имрўз наметавонам хомўш бошам! Шумо нисбат ба як зани бегуноҳ сахтгирӣ мекунед. Ҳамаи шумо сахтиву зориро надидаед. Пеши назаратон зану баччаҳо ҷон надодаанд, дасту забонатон бурида нашудааст, ҷасади мурдаҳоро зери по карда нагузаштаед. Нон гуфта кулўхро нагазидаед, барои ҳамин ин хел рафтор мекунед...
— Акаи Ҳаким, мисоли гап, лўнда гап зан.
— Ҷони акеш, ин мисоли гап не, тақдири одам аст. Ман ҳамин чизро ба шумо фаҳмонданӣ.
— Фаҳмидем, мисоли гап, ту мехоҳӣ, ки Ашўра аз мудирӣ наравад.
— Не, додарам, шумо намефаҳмед. Ана раиси калон ин чизро мефаҳмад. Ў ҳамсоли ман аст. Ман гапамро гўям, номаъқул бошад, номаъқул бигў. Намегўям, ки Ашўра боз мудир монад. Фақат ўро озор надиҳед. Хайр, ҳама дил доред, имон доред, фикр кунед, ки ў чӣ гуноҳ дорад, хайр, айби ў чӣ? Ана ин мардак мегўяд, ки роҳбариро суст кардааст. Ҳамроҳи ў кор мекардед, медидед, ки чӣ ҷонканиҳо дошт. Аввал андеша, баъд гуфтор...
— Шуд? – пурсид парторг.
— Хайр, шуд. Илтимос ҳамин, ки нияти Ашўраро дуруст фаҳмед.
— Хуб, акнун шумо бароед, гап ҳаст.
Ҳаким берун баромада, то тамом шудани маҷлис интизорӣ кашид. Баъд дигарон ва Ашўра баромаданд. Ҳамроҳи Ашўра чанде қадам зада бо овози шикаста ва ларзон саволе ҳам дод.
— Ҳуҳарам-муаллима, акнун чӣ мекунӣ?
— Хондан меравам, ако.
Ҳаким дигар чизе напурсид, вале ҳасрат кардагӣ барин гуфт:
— Бекасӣ ҳамин, хуҳарам-муаллима. Заиф маъно набояд бемардина бошад...
— Айби шумо, ако, бояд ўро аз ҷанг ҳамроҳ меовардед...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан