Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 189 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 189 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ин хел шуданаш мумкин не, ман лучу гушна бошам, касе намепўшонад, намехўронад, барои ҳамин ҳеҷ кас барои ман ҷавобгар не. Лозим шавад, худам ҳама гапро мегўям...
...Аз овулиён касеро даъват накарданд, ки дар бораи некӣ ва ё бадии Ашўра гап занад. Фақат Ҳаким вақти маҷлисро фаҳмида, пушти шахи Гаҳвораро гузашта, бо кўтали Оҳангарои давр гашта омад. Шалпар шуда омад. Дасту рўяшро ба дастурўшўяки посутуни айвони идора шуста бо фўтааш пок кард, баъд риши муттаашро даст карда, ба пушти дари идора наздик шуд. Ба гўшаш расид, ки касе сахт-сахт гап мезанад, вале чӣ гуфтанаш маълум не. Аз дастаи дар дошт, ки кушояд, вале беодобӣ мешавад гуфта, нохун зад. Аз афташ, ҳаросида паст-паст нохун зад, ки касе дарро накушод. Боз нохун зад. Ҷалоли тўтибурут дарро кушод.
— Ассалому алайкум, додарам!
— Салом, амак.
— Барои ба маҷлис иштирок кардан аз кӣ иҷозат гирам?
— Иҷозат? Ин маҷлиси партиявӣ аст, амак, маҷлиси умум не.
— Медонам, додарам, лекин мехоҳам иштирок кунам.
— Равед, баҳузур гардед.
— Чӣ хел баҳузур? Дар ин хел вақт ҳам баҳузур гашта мешавад?
— Намедонам, ин ҷо маҷлис, амак.
Ҷалол дарро аз паси худ пўшид. Ҳаким хеле интизор шуд, ки ў баромада ягон ҷавоб мегўяд. Дер шуд. Тоқат наоварда боз дарро кўфт. Боз кўфт, боз кўфт. Дар кушода шуд.
— Шумо одамед ё не?
— Додарам, будаи мо ҳамин. Ман бояд иштирок кунам.
— Равед-е!
— Додарам, аз калонат пурс.
Дар пўшида шуд. Ҳаким дергоҳ интизорӣ кашид. Дилаш бозӣ мекард ва нафасаш танг мешуд. Тоқат карда натавонист. Пуршаст дарро кушод. Асояшро пеш дошта даромад.
— Ассалому алайкум! – гуфт ў. Касе алейк нагирифт.
— Бароед! – фарёд зад ҷонишини раис.
— Шумо кӣ? – пурсид намояндаи райком.
— Ширкашони ферма.
— Чӣ мехоҳед?
— Гап дорам...
— Гапатонро баъд мегўед, – боз гуфт ҷонишини раис.
— Не, ман бояд гапамро ҳозир, дар ҳамин ҷо гўям.
Ҳозирон як ҷунбида монданд. Ҷалол ба ҷонишини раис нигарист. Парторг сурфид. Намояндаи райком ишора кард, ки Ҳаким шинад...
«Мо аз мудири ферма гила надорем, фақат гуфтанӣ ҳастем, ки роҳбариро суст карда, каме бепарво шудаанд. Ба назарам, барои ин кас ин кор зўрӣ мекунад», – гўё хеле маданӣ ва боадабона гуфт як мард, ки Ҳаким ўро намешинохт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан