Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 188 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 188 аз 470 · 3 ноябри 2026

Баъд ў фиреби ситорагонро фаҳмид ва ба сар об рехт. Хеле форам расид. Ҳаловат бурд. Вале алами дилаш сабук нашуд. Гўё даруни синаи ў пур аз ҳавои пурғубор буд ва ин оби равон занги дили ўро зудуда наметавонист. Ин дафъа сарашро ба об андохт.
Сардии об ба мағзаш расид, сар бардошта бо фўта пок карда ва тоқиро аз болои санг гирифта сўи хиргоҳ рафт.
Зироат наомадааст.
Шаби дароз саги сиёҳ ба осмон нигоҳ карда уллос кашид.
Пагоҳӣ Зироат аз Ҳаким шарм дошта худро нодида ангошта гузашт.
— Салом, хуҳар! – ўро ба гап дароварданӣ шуда салом дод Ҳаким.
— Салом, ако!
— Корамон хуб не, хуҳарак.
Зироат хеле ба андеша рафт, баъд пурсид:
— Чӣ хел? – хавфаш аз Тўйчӣ буд.
— Ашўраро аз кор мегиранд.
— Чӣ-ба?
— Дар ферма корҳо хуб не, мегўянд.
Зироат боз ба фикр рафт, ки сухан аз ваҷҳи ўст.
— Аз дасти мо чӣ меояд?
— Аз дасти мо... аз дасти мо ҳеҷ чиз... Хоҳем, баъзе корҳо карданамон мумкин... Ту меранҷӣ-дия, наранҷӣ, як маслиҳат мекардем.
Ранги Зироат канд, дергоҳ ҷавоб надод. Сари хами Ҳакимро дида ба гап даромад.
— Намеранҷам, ако, гўед,
— Биё, назди Бону даро.
— Ҳозир.
Зироат корҳояшро сомон карда, ба хиргоҳи онҳо омад.
— Ту гуфтӣ, ки намеранҷам-а, хуҳарак? – пиёлаи чойро дароз карда гуфт Ҳаким.
— Не...
— Не мегўӣ... Медонӣ, Ашўраро барои мо шуда аз кор мегиранд.
— Барои мо?
— Ҳа, барои мо, барои ман, барои ту, барои аз ферма рафтани Туйчӣ.
Хиргоҳро хомўшӣ фаро гирифт. Рўд гўё аз даруни хиргоҳ садо карда мегузашт. Ба ногоҳ Зироат шишаи хомўширо шикаст.
— Барои ман худам ҷавобгар, пурсанд, худам ҷавоб медиҳам.
Ҳар кас тани гарм дорад, барои ин ҷавобгар аст.
— Не, хуҳарак, мо ҳама барои якдигар ҷавобгарем, махсусан сардорҳо барои коргарҳояшон.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан