Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 187 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 187 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҳаким вақте ба овул расид, ки говҳоро дўшида буданд. Хафа ба хиргоҳ даромад.
— Ҳа, мардак, чӣ шуд?
— Ашўраро наёфтам. Ба назарам, ўро азоб медиҳанд, аз кор мегиранд, боз аз хондан мемонад.
— Аз кор гиранд, қатори мардум кор карда мегардад.
— Ту намефаҳмӣ-дия, занак, худо гўй, ки ба даҳони мардум нағалтӣ. Як одами намоёнтар туро бад гуфт, як умр бад мешавӣ.
Ҳў, мисли он, ки дар зери ана ин кўҳҳои сиёҳ тир мепарронию садояш аз кўҳ ба кўҳ меравад... Ту гумон мекунӣ, ки ба Зироат мардум нек назар мекунанд? Ҳама ба шубҳа менигаранд, одамони даҳанкалон ҳазар ҳам мекунанд. «Ҳалворо ҳаким хўраду калтакро ятим».
— Мардак, Ашўра чӣ дахл дорад?
— Сардор. Хуб нашуд. Ба Ашўра хуб нашуд. Занак, дар ҳаёт ин хел одамон кам ёфт мешаванд.
— Медонам, лекин чӣ кор мекунед?
— Ту назди Зироат раву фаҳмон, ки аҳвол бад, Ашўраро ҳимоя кардан лозим. Ба ҳар ҳол зан ба зан дарди дилашро мегўяд. Агар худам гап занам, тарсам, ки ягон сухани ноҷо нагўяд.
— Ман ҳам метарсам, феълаш гирад, обрўи касро оби ҷўй карда мемонад. Не, мардак, худатон рафта гўед.
— Набошад, рафта гўй, биёяд, як дам шинем гўй.
Бону аз хиргоҳ бадар рафт ва зуд баргашта «ҳозир меояд» гуфт.
Хеле нишастанд. Зироат наомад. Ҳамсояҳо хоб рафта буданд. Рўд домони Санги Сипарро сила карда мегузашт ва садояш аз тахтасанги азим акс медод. Садои хоб рафта нафаси дароз баровардан ва кафшаи говон меомад, дигар хомўшӣ буд. Моҳ нисф-нисфи теғаҳоро равшан карда буд ва осмон мисли қабои зарбофт заррин метофт ва пурҷило буд. Роҳи Каҳкашон мисли пайроҳае метофт, ки Ҳаким дар Чориф сохтааст. Ситораҳо он чунон равшан буданд, ки гўё офтоб дар паси кўҳҳои Мағриб паноҳ шуда, аз оиначаҳои зиёди осмон акси худро ба замнн равона кардааст.
Ҳаким аз наомадани Зироат дилгир шуд, баъд ба дари хиргоҳ омада ба Каҳкашон нигарист ва ёдаш аз киштаи хеш омад, ки чанд рўз боз хабар нагирифтааст. Сараш вазнин намуд, баъд ба чайлаи гўсолаҳо наздик омад. Гови Ало аз девори чайла сар гузаронда писархондашро бў мекард.
Ҳаким лаби об рафт. Тоқиашро гирифта рўи санге гузошт ва даст ба об бурд. Ҷо-ҷо андаруни об ситораҳо бозӣ мекарданд, гум мешуданд, менамуданд, нопадид мегаштанд, боз менамуданд.
Ҳаким боз ба осмон нигарист. Ба назараш чунин расид, ки бод хокистари рўи ахгаронро бардошта, дар хамроҳае ҷамъ оварда, роҳи Каҳкашон сохтааст ва аз дами бод ахгарон лух гирифта, дурахшон шудаанд. Мардак мисли кўдак ҳарду даст ба об андохт, то яке аз ситораҳоро бигирад, вале об лапида ситораҳо нопадид шуданд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан