— Хайр, гуноҳи ман чӣ, раис, – ҷавоб медод Ашўра, – вай хостааст.
— Хостааст, мисоли гап, кӣ намехоҳад? Раҳбариро донистан ва тавонистан даркор...
— Даркор, даркор, дар ферма вабо биёд ҳам, мудир ҷавобгар, ягон кас...
— Бас! Мисоли гап, масҷид ҷои... не! – Наъра зад ҷонишини раис.
Ҳаким дар паси дар меистод. Дилаш сахт-сахт метапид. Ҳар лаҳза аз дастаи дар медошт, ки кушода дарояд, вале худдорӣ мекард. Андарун гўё наъраи ў ҳамаро кушт. Хомўшӣ. Ҳаким ҳам гўш ба дар наздик бурд. Баъд бод андаке дарро нимроғ кард. Ҳаким худро ақиб кашида, сипас аз роғи дар нигарист: парторг ва ҷонишини раисро дид, «одамҳои шинос, ба ман мумкин набошад?» ба худ савол дод ў. Аз дастаи дар дошт, вале ҷуръат накард. Танҳо барои он, ки Ашўра болои хафагиаш наранҷад.
— Гап ҳамин, мисоли гап, ин масъала дар бюрои партиявӣ ҳал мешавад, мо ҳамту сўҳбат кардем...
Ҳаким пуршаст ба пас гашт ва паси бино ғайб зад, то Ашўра набинадаш.
Ҳаким се шабонарўз Ашўраро дар овул интизор шуд, ў наомад.
Баъд мардак фаромада ба деҳа рафт. Тўйчиро дучор шуд. Ва гўё чизеро намедониста бошад, пурсид:
— Чӣ, дигар ба овул намеравӣ?
Туйчӣ ба қаъри чашмони ў нигарист ва ҷавоб дод:
— Не, ато, намеам. А отам диам мон. Ҳуу, диам мон.
— Аз одам дилат намонад, Тўйчӣ. Ҳама одам як хел не ва ганда ҳам не.
— Не-еғ-е, данда, данда. Тўпон, тўпон медонӣ? Дўа, ман ти дўа.
— Медонам, чўпон ту қатӣ ҷўра буд... Тўйчӣ, ин гапро мон, ту бояд ба ферма гардӣ, Ашўраро азоб медиҳанд...
— Не-е-е, ман намеам. Ашўа бувв метуан?
— Ҳа, Ашўраро аз кор мегиранд.
— Нее.
— Биё, пеши Ашўра равем.
— Нее, диӣ? – досро нишон дода, боғ алафдаравӣ рафтанашро фаҳмонд ў.
— Хайр, рав.
Ҳаким Ашўраро на дар хонааш, на дар идораи колхоз ва на дар сарой пайдо накард. Гуфтанд, ки ў ба район рафтааст, баъд дар лаби ҷўй нишаста, то бегоҳ нигарон шуд, вале Ашўра наомад.
Айёми ғуруб ба ҳавлӣ рафт ва дару деворҳоро аз назар гузаронида, аз шохҳои қадраси зардолу чанде ғўра чида ба фўта баст ва сурххокро рост шуда сўи овул рафт.





