Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 185 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 185 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҳаким аз деҳа хеле хафа баргашт. Вақте баргашт, ки Зироат ҳам аз Бурснова як сарвора шохча меовард.
Ҳаким харро хала кард, то ба Зироат расида, сабаби рафтани Тўйчиро пурсад. Вале занак дар адир сарвораро ба замин гузошта гўё дам мегирифт.
Ҳаким полони харро гирифта, онро ба шибари лаби об ҳай кард. Баъд, гўё касе ба ў ин вазифаро фармуда бошад, нигарони омадани Зироат шуд.
Зироат шохчаҳо бар сар омад.
— Хуҳарак, ба Тўйчӣ чӣ шудааст? – пурсид Ҳаким.
Зироат ҷавоб надода, гузашт ва сарвораро паҳлўи коза партофт.
Ҳаким боз наздик омада гуфт:
— Ман ўро дар Дарвоза дучор шудам, баланд-баланд хандида мерафт.
— Аз додову бобом ўстар, ҳамин хел шў бошад-чӣ, набошадчӣ,– нафасашро рост карда гуфт Зироат ва ба коза даромаданӣ шуда, чашмаш ба айрони рехта афтид, ки сагҳо шикамбаро хўрда даҳонбандашро ҷудо кардаанд.
Ҳаким ба хиргоҳи худ баргашта Бонуро байни ду гаҳвора дида пурсид:
— Занак, ба онҳо чӣ шудааст?
— Намедонам. Тўйчӣ як пайдо шуда аз коза шикамбаи айронро бароварда ба замин зад ва чакманашро ба кифт партофта рафт.
Ин сирро касе нафаҳмид. Зироат ҳам ба касе нагуфт. Тўйчӣ ҳам гап назад.
Баъде ки говҳоро дўшида, ҷо ба ҷо шуданд, Зироат козаро холӣ дида хуб гирист. Касе гумон намекард, ки Зироат ҳам ягон вақт гиря мекунад.
Бону гиристани ўро пай бурда наздаш даромад, ҳол пурсид, вале Зироат «ҳеҷ гап не» гуфта монд.
Пагоҳ Ҳаким аз пеши худ ҳамроҳи баччаи навободӣ подабонӣ рафт. Барот ҳам ба саволи Ҳаким ҷавоб дода натавонист, ки чаро Тўйчӣ пода ва зану каппаашро партофта рафт. Писараш дар мактаб...
Танҳо рўзи сеюм, вақте ки Ашўра бо ҷигари сўхта ба овул омад, масъала равшан шуд. Ў Тўйчиро дида аҳвол пурсидааст, аввал подабон чизе ҷавоб надодааст ва чун «Ба овул рав, пода бесоҳиб»
гуфтааст, Тўйчӣ рад карда, сабаби нарафтанашро гуфтааст.
«Сирре, ки шахси сеюм донад, олам медонад» мегўянд. Ин ҳангома аз овул ба деҳа, аз деҳа ба колхоз ва аз колхоз ба район овоза шуд. Баъд калтак ба сари Ашўра шикаст. Ўро ба идора ҷеғ заданд. Ҳаким ҳам подаро ба ихтиёри Барот монда аз пайи ў рафт, гўё ҳамчун балогардон рафт. Аз паси дари идора гўш андохт: «Дар ферма аҳвол ин хелу боз шумо Партшкола хонданӣ меравед?» таъна мезад касе. Овоз ба Ҳаким шинос буд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан