Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 184 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 184 аз 470 · 3 ноябри 2026

Зироат дар назди бурси садасурат, ки дар рўи дара шох зада буд, қарор гирифт. Аз боло як марди чорпаҳлуи ришсиёх фуромад. Дили Тўйчӣ ба бозӣ даромад. Ў ҳис накард, ки аз зери бурс берун баромаду онҳо мебинанд. «Ҳааа, ана шикамбаро дар қўши кӣ дида будам» аз дил гузаронд Тўйчӣ ва якбора ба сараш дард даромад.
Даҳмарда аз дасти Зироат гирифт, зери бурс шуданд.
Тўйчӣ аз байни дарахтон гузашта, ба рўи дара фаромад. Ба бурси садасурат наздик шуда, ҳамроҳашро ҷеғ зад:
— Ҳўўў Барот, ида бо!
«Мекушад, ба худо ҳардуямонро мекушад» гуфт Зироат ва чўпон корди калонро аз ғилоф кашид. Гўё кўҳсор як ларзид ва тамоми даррандаҳои ҷангали Бурснова якбора садо карданд. Тўйчӣ гўё ки чизеро надида бошад, ба шохи бурс як таёқ заду гузашт.
Зироат даст ба даҳон пахш кард, то фарёд назанад. Туйчӣ гўё ҷонаш аз тан мебаромада бошад, баланд хандид. Сўи овул рафт.
Ў то овул баланд-баланд хандида рафт. Овулиён ҳама баромаданд. Вале «ба ў ҷин асар кардааст» гуфта касе наздик нашуд.
Ў ресмончаи эрганаки каппаро кушода даромад. Шикамбаро бароварда ба замин зад. Шикамба кафида айрон ба замин рехт.
Боз шикамбаро як лагад зада ба айрони рехта нигарист. Пас чакманашро сари китф партофт ва ба касе чизе нагуфта фаромада рафт. Ў ҳоло ҳам механдид.

34

Акнун занҷирҳо зери чархҳои мошин, мисле ки андаруни пойафзоли кас сангчае афтода бошад, барзиёд менамуданд.Онҳо ба барфи роҳ фурў нарафта, балки ба рўи мумфарши роҳ сахт буданд ва дар ҳар давр чархҳоро андаке мебардоштанд. Садои «шақ-шақ, шақара-шақ»-и занҷирҳо тамоми роҳ ба гўши Ҳаким бад расид. Вақте ки ба шаҳр наздик шуданд, Ҳаким хоҳиш кард, ки занҷирҳоро аз чархҳо кушоянд...
— Ана ин кўли «Комсомол» – шаҳрро тамошо медодагӣ барин сар кард Ҳаким, – бинед, обаш чӣ хел? Зулол барин. Дар сари ағба чӣ ҳавою дар ин ҷо чун ҳаво... Тағо, пагоҳ як шаҳрро давр занед, кўфти роҳ аз баданатон фориғ мешавад.
Чашмҳои равшани мошинҳо дар зери нури шаддаҳои чароғҳои сари роҳ хира метофтанд. Мошинҳо аз пули рўи рўди Душанбе гузашта, охирин фарози роҳи тўлонӣ – фарозаки «Путовский»-ро баромада ба рост гаштанд. Ба корвонсарои паси бозор дохил шуданд.
Барои мошинҳо ва барои худ ҷой гирифтанд.
— Тағо, шумоён дам гиретон, ман ба хобгоҳи Валӣ рафта, бинам, ки чӣ ҳол дорад...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан