Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 183 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 183 аз 470 · 3 ноябри 2026

Дар лаби рўд ду ғижжаки баччаҳо мусобиқа доштанд. Он кадар ғангу ғунг мекарданд, ки кас садои рўдро намешунид ва Санги Сипар танҳо ҳамин садоро акс мегардонд, баъд рўд онро фурў мебурд, ки садоҳо пешопеш гум шуда мерафтанд.
Ба овул одамони аз колхозҳои дигар ҳамроҳ шуда ҳам омаданд. Ҳоло ҳамдигарро хуб намедонанд. Вале Зироат бо ҳама ошно шудааст. Дигарон ҳам ўро мешиносанд. Ва танҳо имрўз пода бисёр шудааст гўён ба шавҳари ў як мардаки навободиро ҳамроҳ монданд.
Чӣ хуш, ки Зироат ин вақтҳо ба шавҳараш дўғ намезанад, ки аз паси пода гашта бегоҳирўзӣ як пуштора ҳезум биёр. Худаш ҳар вақт як ресмонро гирифта ба Бурснова мегузарад. Қариб тамоми рўз гум мешаваду пеш аз пода дар фарқи сар як банд шохча бардошта меояд. Шўхиҳояш ҳам гум шудаанд. Андешаманд гаштааст. Вақту бевақт овозаш намебарояд. Овулиён ҳам ба ў бо тааҷҷуб менигаранд. Вақте сўи Бурснова равад, дар хамгашт як бор баргашта ба овул менигарад ва бегоҳ, баъде ки говҳоро дўшида ширро ба Сафўро супурд, шалпару бефара ба ҷогаҳ даромада, нафаси дарозе мекашад. Агар нафасаш ба рўи Тўйчӣ нарасад, бечора чизеро пай намебарад.
Сапедадам Зироат говдўшӣ баромад. Тўйчӣ хунук хўрда, паҳлў гашт ва пояш ба зери секучак рафт. Дар лаҳзаҳои охири хобаш хоб дид, ки ба пояш як мори сиёҳи хунук печид. Ў илоҷе наёфта, лағжида-лағжида назди тарма рафт ва пояшро зери ях гузошт.
Мор карахт шуд... Тўйчӣ ҳам аз ҳарос бедор шуд ва ҳис кард, ки пояш ба рўи як чизи хунук. Даст бурд. Шикамба. Тўйчӣ таваҷҷўҳ кард. Пас шикамбаро пеш кашид. Даҳони шикамба мисли даҳонаи носкадуи мардоне, ки занашон бо ҳавсала аз риштаҳои ранга пўпак сохта бошанд, даҳанбанди зебое дошт. Тўйчӣ чунин даҳонбанди зеборо дар куҷое дидагӣ барин. Ба фикр рафт: «Дар куҷо, дар қўши кӣ дида будам?.. Ҳа... Ҳум».
Тўйчӣ ба занаш чунон вонамуд кард, ки чизеро пай набурдааст.
Боз ду нон ба миён баст ва аз паси пода шуд. Имрўз подаро боло не, ба Сирнова ронд. Баъд нигаҳбонии подаро ба ҳамроҳаш фармуда ба зери бурси гароне нишаст ва занашро поид, вале Зироат он рўз аз овул берун нарафт.
Тўйчӣ чанд рўз ҳамин зайл кард. Подаро ба дигар дараҳо барад ҳам, так-таки дарахтон омада, зери он бурс менишаст. Ва оқибат дид, ки имрўз рамаи гўсфанд аз саргаҳи Бурснова намоён шуд.
Қариби чоштгоҳ Зироат ҳам ресмонро гирифта, сўи Бурснова рафт. Дар хамгашт боз ба овул нигарист ва равон шуд. Ба оби чашма дасту рўяшро шуст. Баъд бархоста сўи мол нигарист ва боло рафт. Тўйчӣ ҳам аз зери бурс ба паси бурси дигар гузашт.
Боз ва боз... Ба назараш, ки ҳамин лаҳза дилаш бо зарбаҳои сахт ва бо зўрӣ сақфи синаашро шикофта мебарояд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан