— Худо гирад ту, ўгая!.. Акнун ман баччаи худатро аз куҷо ёбам... Чӣ фарқ дорад, лесидан гир-дия. Пагоҳ ба сари гўрат чароғ намонад. Як сол. Баъд фаромўш мешавад, ки ту оча будӣ...
Ҳайвони безабон. Ҳозир фарзанди одам ба кас нигоҳ намекунаду, ҳоло ки гўсола. Худат медонӣ, ки Валӣ рафт, Алиро ҳам кашола карда бурд. Ғанӣ ҳам аз ҳозир беқарор… Ту ин ҷонвари сағираро шох мезанӣ. Ман мебудам, ин хел намекардам. Ашўра мешуд, туро айб мекард. Ало, рост мегўям, ҳамин сағираро калон кунӣ, савоби оламро мегирӣ. Ҳайвон - ту, гапро нафаҳмӣ, ҳозир ҳамун пўстро пури коҳ карда ба болояш чорта намак пошида, пешат монам, шабу рўз мелесӣ, лекин аз як гўсолаи кенҷаро сина додан ор мекунӣ. Ало, ту намедонӣ-дия, қариб нисфи баччаҳои соли ҷанг ширхораҳои Розияанд. Медонӣ, ў баъд аз баччааш мурдан чанд кўдакро сина дод? Намедонӣ. Ҳасрат, Рауф, Майсара, Норбибӣ, боз чанд нафари дигар, фарзандхонди Розия. Вале ту ба як гўсола шир намедиҳӣ. Оччаашро гурги лаънатӣ аз ҷар намепарронд, ҳоҷат ба шири ту набуд. Алои ширин, акнун ба гапи ман гўш кун, ана ин баччаи ту мешавад... Ҳаа, ана ҳамин хел бўй гир, назан.
Ман ҳам одам, то кай гапи нағз занам, як рўз не, як рўз аз ҷонам сер мекунӣ, баъд ба ферма арз мекунам, ки гови бад аст, насл намедиҳад, шир надорад, ба гўшт супор. Беҳуда мурда меравӣ.
Ало, ҳоло ҳам дер нашудааст... Бин, чӣ хел кенҷа туро бо меҳру муҳаббат мемакад. Бин-дия, бин, ту ҷонваракро мезанӣ. Қурбонат шавам. Ало, ҷим ист».
Ало мисли одами гунаҳгор хомўш монд. Баъд гарданашро яктарафа карда думғозаи гўсоларо лесид. Кенҷа ба ноз думашро боло кард. Ало оҳиста-оҳиста ба бўи гўсола ошно гашта ва онро баччаи худ дониста, ба ҳавсала мелесидагӣ шуд.
Барои он ки боз Ало аз кенҷа рўй нагардонад, Бону аз гардани гўсола ба пои гов баста монд, то ба бўяш ошнотар шавад.
33
Имсол қатори хиргоҳу каппаҳои овул ниҳоят тўлонӣ шуда буд, агар аз козаву хиргоҳ дар гирди Санги Сипар қалъа месохтанд, як давр расида, боз зиёдӣ мекард. Навигариҳо зиёд буданд: ферма сераъзо шуд. Сепаратчиҳои аз район омада рафтанд. Духтараки синфи даҳумро тамом карда Сафўро сепарат мегардонд ва Ҳаким ба ў ёрӣ мерасонд. Сафўро ба Ҳаким хуш омад, ба занаш мегуфт, ки ҳамин духтарро ба Валӣ номзад кунанд.
Ҳаким гўё дар ферма бекор монда буд. Ширпазӣ набуд, ки ҳезум кашонад, шир ҳам намекашонд. Акнун ҳар рўз сари кишташ мерафт, ба сарҳои дунбули гандум даст мезад, баъд бегоҳирўз бармегашт, ки ба Бону ёрӣ диҳад ва ҳамин ки Зироатро медид, «Хуҳарак, миёнатро бақувват кун, гандум пазад, ба дарав меравем»
мегуфт. «Миён бақувват, ако» ҷавоб медод Зироат.





