Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 181 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 181 аз 470 · 3 ноябри 2026

«Не, акнун роста карда намешавад». Ба илоҷе ду пои ақиб ва нисфи гўсола баромад. Алоро арақ пахш кард. Ў сар бардошта охирин қуввашро ҷамъ карда, зўр зад.
«Саросема нашав Ало, бадани баччаат сард аст».
Ало нафасҳои дароз мегирифт.
Тўйчӣ ҳам баробари ў якканафас шуда буд. Ба азобе як дасти гўсоларо канда гирифт. Баъд дасти дигарашро ҳам канд. Сипас каллаи гўсола баромад. Ало оҳи вазнине кашид ва дасту по дароз кард. Аз нав сар ба рўи сабза гузошт. Магар фарзандаш ба ёд омад, ки парида хест ва баччаашро лесида, тоза кард. Сари ўро лесид, фўкашро, биниашро лесид, вале гўсола сар набардошт. Ало дастони ўро ҷудо дида наъра кашид. Кўҳҳо наъраи ўро такрор карданд. Тўйчӣ дастонашро шуста аз нав назди Ало омад.
«Ҳа, Алоҷон, хафа нашав. Қисматат ҳамин будааст. Солхои охир баччамур шудӣ...» Ало боз баччаашро фўк зада лесид, то бархезад, вале гўсола намеҷунбид.
Қариби офтобшин Тўйчӣ подаро аз адирҳо ғун карда сўи овул ронд. Баъд гўсоларо ба бағал гирифта аз паси пода шуд. Ало «ҳумҳум» гўён овоз андохта аз дунболи ў мерафт ва ҳатто аз Тўйчӣ пеш гузаштанӣ мешуд. Подабон гўсола ва ду дасти онро, мисле ки як бағал ҳезумро ба касе медода бошанд, сўи Бону дароз кард.
Бону ба Ало нигарист ва «бечораи Ало» гўён гўсоларо ба хиргоҳ даровард. «Донам, ки ин хел мешавад, васакро намепартофтам»
гўё Алоро дилдорӣ карда гуфт ў. Ало аз дари хиргоҳ дур намерафт ва баъзан фўк ба намаду дар мезад.
Бону говҳоро дўшида тамом кард. Ало дар назди хиргоҳ ҳумм мегуфт. Бону ўро каме аз дар ронда, ба Ҳаким фармуд, ки гўсолаи кенҷаи сағирро аз чайла ба хиргоҳ оварад. Кенҷаро ба хиргоҳ дароварданд. Бону нами бадани гўсолаи мурда ва ҳатто хуни шонаву дастони онро ба бадан ва сару фўки кенҷа молида бағал гирифта берун баровард. Ало як бўи шинос ва хуни худро ҳис карда аз паси ў рафт. Бону гўсоларо нишон дод ва Ҳаким зуд ба шохи гов шохбанд андохт. Бону гўсоларо ба синаи Ало наздик овард ва маконд. Ало даҳони бегонаро ҳис карда лагад андохт, баъд дур шуд. «Ҳеше, Ало, ҳеше! Ту асил будӣ-ку? Ба ту чӣ шуд?
Баччаи худат, ҳеше!» ўро ром карданӣ шуда мегуфт Бону. Туйчӣ дар як лаганд сабўс овард.
Ба ин ҳам нашуд. Ало баччаи худро дидан ва лесидан мехост.
Бону даҳони кенҷаро боз ба пистони гов наздик овард. Гўсола як дораро макид. Занак эдир карданӣ шуда, дораи дигарро маконд.
Ало бетоқат шуд. «Ҳеше, Ало, баччаи худат» гуфт Бону.
Ало қарор истод. Бону гўсоларо маконд ва онро назди Ало гузошт, ки лесад. Ало як бор бў кард, ду-се забон лесид. Баъд бўи бегонаеро ҳис карда, наъра кашид ва бо нўки шох аз шиками гўсола бардошта дур андохт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан