Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 180 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 180 аз 470 · 3 ноябри 2026

Аробаи дуаспа ду рўз коҳу бедаи дар мактабхонаи кўҳна чамъшуда кашонд. Баъд бо аробаи охирин Ҳаким ҳам омад. Ашўра дар назди дарвозаи Сарой Ҳакимро пешвоз гирифт. Баробари аз ароба фуромаданаш Ашўра сўи ў қадам зад ва дар гардани ў ҳамоил шуда, ҳарчанд ки берун аз расму русум буд, аз рухсорааш бўсид. Ин воқеаро ҳама дид, Муҳаммадмуроди пир дид, Зироат дид, аробакаш дид, дигарон диданд ва Бону ҳам дид. Дар чашмони Ашўра ашк давр зад. Баъд ў сўи Бону омада ҳамчунон кард, ки бо Ҳаким карда буд ва дар ҷавоб Бону ҳам Ашўраро бўсид ва дар банди дилаш пахш кард...
Ин рўзҳо ҳам даргузашта, баҳор омад, вале ҳоло ҳам саҳни Сарой заҳ ва чалчиқ буд.

32

Колхозҳо якҷоя шуданд. Бахти раис омад накард, муовин шуд.
Як марди умрдида ва таъми рўзгорчашида раис шуд. Вале Ашўра боз мудири ферма монд. Боз азобаш зиёдтар. Акнун гови дўшоӣ зиёда аз ҳазор аст. Гўсолаҳои колхози дигар хеле талаф ёфта будаанд. Гови Ало мисли модарони шўрбахт саҳл монд, ки сари фарзанд равад. Гўсолааш чаппа омад, Ало дар лаби об фарёд мезад, зўр мезад. Ба назари Тўйчӣ даҳшат намуд. Ҳарчанд ў мисли момоён чунин воқеаро пур дидааст, ин дафъа ба ваҳм афтод.
Беихтиёр ба роҳи сўи овул нигоҳ кард, ки касе ба ёрӣ меомада бошад. Баъд бо забони лакнатдор ва барои Ало ошно ба гап даромад: «Ҷонвар, маълум мекардӣ, ба пода намеовардам. Ана акнун ба ту ҳам азоб, ба ман ҳам. Ман медонам, ки ту баччаатро дўст медорӣ, зинда дидан меҳоҳӣ, ўро лесида хушк кунам мегўӣ, бо забонам бардошта ба по хезонам мегўӣ. Ҳо, Ало, ман одати туро медонам, борҳо дидаам, лекин илоҷ надорам. Мушкил, Ало.
Ман намедонам чӣ кор кунам. Дасту пои баччаатро канда-канда гирам... ё ўро зинда дорам. Зинда дорам, ту зинда намемонӣ: туро бояд чок кунам. Ало, не, Ало, мо шиноси кўҳна... Фарёд назан, ҳозир-ҳозир...»
Гови Ало аз шиддати дард бархоста, ду-се қадам монд ва боз хоб рафт. Боз зўр зад. Гўсола мисли зардии тухм буд, ки барои онро гирифтан тухмро шикастан мебоист. Боз бархосту боз хоб рафт ва наърае кашид. Чашмонаш барҷастанд. Пойҳояшро дароз кард, гардан ёзонда сар ба рўи сабзаҳо гузошт. Ва гўё шикамаш дам кард.
Чашмони Тўйчӣ ҳам аз таъсири чашмони гов берун ҷаст: «Ана ҳозир мемурад. Ало, намур, намур, Ало!» хитоб кард ў ва баъд даст пеш ёзонд. «Ҳозир, ҳозир... Ҳозир...» гўён кордро аз ғилоф кашида ба рўи сабза гузошт. Як бори дигар остинашро боло кард, баъд даст андохт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан