Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 179 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 179 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҳаким ба назди ягон калонпояи колхоз надаромад. Ашўраро дар роҳ расонд. Ўро дар Сарой монда, худ ба деҳа баргашта, бригадири навро ёфт.
— Додарам, ҷигар ҷигару дигар дигар. Халқро ҷамъ карда, масъаларо фаҳмон. Имон дошта бошанд, ёрӣ медиҳанд. Ман кафил.
— Ако, колхоз ҳал карда натавонад, аз дасти колхозчӣ чӣ меояд? Молу ҳоли худашон мурда истодааст...
— Не, нагў, додарам. Хайр, ҷамъ кун, гапамоя гўем, раисат «мисоли гап» катӣ овора.
— Ў мотам дорад, ако. Гап-гап ҳаст, ки колхозҳо як мешаванд...
— Ҳаа, ман надонам, додар. Балота гирам, як илоҷ кун.
Бригадир ба табелчӣ фармуд, ки директори мактабро ёфта биёрад. Директор омад. Чор нафар шуда ба меҳмонхонаи гузари Шингиҳо даромаданд. Як марди шўх матал мегуфт ва пардозчие ҷо-ҷо сухани ўро пардоз медод.
— Мебахшед, Рустамхон, хеле мехостем маталро шунавем, лекин маталамон буромада истодааст; ҳамаамон як одам. Мо аз они колхоз, колхоз аз они мо. Мана мо, чор нафар, назди шумо омадем, – ишора ба ҳамраҳон кард бригадир, – аҳволи ферма ба ҳама маълум. Имсол гови зиёд хариданду ғами захира... Хайр, акнун аз дастамон меомадагӣ корро кунем... Мо ба як фикр омадем, ки ҳамаамон одами боақл, вазъиятро мефаҳмем. Хонаковак накунему аз халқ пурсем, ки ҳар кӣ ҳар чӣ дорад – хас ҳаст, хошок ҳаст, коҳ ҳаст, кафа ҳаст, беда ҳаст, ба мактабхонаи кўҳна оварда резад...
— Худам қавруни ҳамаашро мегардонам, – гўён илова кард Ҳаким.
Меҳмонхонаро сукути мотамие фаро гирифт, ҳезуми қашқарча чарс-чурс месўхт. Дар зери болору вассаҳои дудахўрда дуди кабудча сайр мекард. Аз рост истодан дуд хўрданд, ки:
— Хайр, илтимос ҳамин, мо ба дигар меҳмонхона меравем,
– гуфт бригадир ва онҳо баромаданд.
Онҳо ба меҳмонхонаи гузари Ҳисор рафтанд ва фурсате чанд баъд ба кўча баромаданд.
Мардум гўё бозёфт меоварданд. Сафар худаш эб надида ду банд бедаро ба писараш фиристодааст. Латиф нимҷуволаро бар дўш бардошта меояд, Собир як қанор коҳро ба хар бор кардааст, яке аз тангкўча мебарояд, ду говбанд ҷуворипоя дорад. Меоянд, аз тангкўчаҳо баромада меоянд. Меоянду меоянд. Зери айвон пур аз коҳу беда шуд. Ҳоло ҳам меоянд ва Ҳаким ба табелчӣ муроҷиат карда, мегўяд:
— Додарам, ягон кас намонад, номи ҳамаашонро навис, ин ба гардани ман қарз аст, чӣ оварданашонро ҳам навис.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан