— Мо барои маслиҳат омадем! – гўё раисро ҳушёр карданӣ шуд Ҳаким.
— Хўш?
— Аҳвол бад, хўрок намерасад.
— Ако, росташро гўям, ғами кадомашро хўрам. Мисоли гап, имсол соли наҳс будааст. Дар чўл гўсфанд қир шуд, боз тўл чандон хуб не. Оқибаташ...
— Оқибаташ хуб мешавад, раис. Лекин ҳозир кӣ бояд ба ин кор роҳбарӣ кунад?
— Ферма мудир дорад, аъзо дорад...
— Раисбобо, кӣ медонад, ки ду-се рўз баъд ҳаво чӣ мешавад.
Он қадар зиёд ҳам лозим не, лекин...
— Лекин дар вақташ ғам хўрдан лозим буд.
— Ҳамон вақт таги тути бедона набудем, раис! Захираҳоро ба чўл кашонданд. Табиат инҷиқӣ кунад, айби ман чӣ? – арз кард Ашўра.
— Беайб, ки бошед, он тарафаш ҳам дуруст мешавад.
— Гап задани ман нодурусту, лекин як маслиҳат: баъзе колхозчиҳо коҳу беда доранд, хонаковак карда қарз гирем, чӣ шавад?
— Ба ҳамин ҳам ман шарик шавам?
— Охир, сухани шумо куҷову сухани мо куҷо? – ўро мулоим карданӣ шуд Ҳаким.
— Мисоли гап, ҳама корро кардан мумкин, агар дил гарм бошад.
— Як умр пичинг задед-дия, раис, кадом корро накардем? Ман сад бор гуфтам, ки гиред, ба ман ҳамин кор лозим не. Мудири ферма нею...
— Фермаро дар ин аҳвол кӣ аз дасти шумо қабул мекунад?
— Ман намедонам, ки шумо ба ман чӣ дандон доред. Нашудааст, ки ягон илтимос кунаму шумо «хайр» гуфта бошед. Шумо раис ном доред ва ман дар ин хусус ба касе забон накушодаам...
Ашўра ҷавоби раисро интизор нашуда бадар рафт. Раис чунон вонамуд кард, ки ба ў дахле надорад. Ҳаким ҳайрон буд. Қасдан набаромад, ки раис чӣ мегўяд.
— Боз ягон гап ҳаст? – оқибат пурсид раис.
— Гап нест, лекин чӣ кор...
— Чӣ кор мекардед? Мисоли гап, мурад, мо чӣ илоҷ мекунем?
— Набошад, ягон намояндаи идораатон ҳамроҳи мо равад.
Худатон халқро медонед. Сад даҳан гапи ман як пул, вале як даҳан гапи намоянда – гап.
— Парторг ҳаст, мудир ҳаст, ҳисобчӣ ҳаст. Қадомаш маъқул?
– даст ба гармии печка дошта гуфт раис.
— Раис, аз афташ, ҳоло мўрча нагазидааст, – гуфт Ҳаким ва ба шаст баромад.





