Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 177 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 177 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ман надонам. Шумо коштеду аз ман мепурсед? – пичинг барин гуфт мухбир.
— Ҳа, фаҳмидам, – гуфта Ҳаким бархост.
— Шумо саркашӣ карда ҷавоб намедиҳед?
— Саркашӣ не, вақт нест. Вақти хўроки говҳо шуд.
— Гов як дам нахўрад, намемурад, аввал ба гапҳои ман чавоб дихед? – пошнаи ручкаро ба лаб бурда гуфт ў.
— Лозим бошад, кофта ёбед, ман дар бораи худам ба шумо чизе намегўям. Дар халқ гап ҳаст, ки «гурги бекор хари бакорро хўрдааст».
— Шумо мухбири советиро ҳақорат мекунед?
— Не, додарам. Шумо мана дузд гуфтед, алам накард, ҳол он ки аз ҳафт то ҳафтодсола ин қиссаро медонанд: раис, бригадир, мудири фўрма – ҳама. Барои худам не, барои колхоз коридам.
Намедонӣ, гап назан, – гуфт Ҳаким ва шохаи оҳанро бардошта ба таги работи барқад рафт, то пунбамайда бардорад.
Мухбир аз паси ў хеле нигоҳ кард, лекин ғурури мухбириаш иҷозат надод, то аз даъво гузашта тарафи некии масъаларо ҷустуҷў кунад. Кулоҳи хурдлапарро аз сар гирифта ба мўяш панҷа зад ва аз нав кулоҳ ба сар ниҳода аз дари Сарой бадар рафт.
Вақте ки Ҳаким як қанор пунбамайда бардошта, сўи оғил мерафт, Ғанӣ китобҳои дарсӣ дар бағал аз мактаб омад.
— Додо, ман Сироҷро дидам. Аз район як мухбир омада будааст. Аз магазин арақ гирифта, хонаашон бурд, – назди падар омада гуфт ў. – Онҳо раҳораҳ баҳс карда мерафтанд: мухбир мегуфт: «дуруст». Сироҷ рад мекард: «нодуруст».
Ҳаким ҷигот андохт, байни абрувонаш гиреҳ зад. Баъд дандон ба ҳам соида, «ноҷинс!» гуфта ба оғил даромад.

31

Мўзаҳои резинии Ҳаким аз заҳу чалчиқи Сарой ранг дигар карда буд. Тарматаридҳои моҳи ҳут ба ҳама гарон омад. Коргарон аз ҷонашон сер шуданд. Таку тўби ширдону силос монда буд.
Пунбамайда ва кунҷораҳои захира ҳам кироӣ набуданд. Ба болои ин ҳама гўсоламурӣ шуд. Аз дили мудири ферма зардоб мечакид.
Ин дафъа ў назди раис танҳо нарафт. Ҳаким ҳамроҳ буд. Вале Ашўра рафтани ўро намехост. «Ман дар назди шумо гапамро гуфта наметавонам» гуфт ў. Ҳаким якравӣ кард. Ашўра савори аспи ҷаҳлу ғазаб ба назди раис рафта буд. Вале авзои раисро дида гўё аз аспи ҷаҳл фуромад.
— Ассалому алейкум! – аз Ҳаким пеш даромада гуфт Ашўра.
— Салом, – алейк гирифт раис ва гўё ба мотам нишаст.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан