Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 176 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 176 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ҳеҷ гап не, гови чапро як говрона зан, лаънатӣ писанд накарда истодааст... «Ҳа шохат шиканад!» – аз ҳамон ҷо гови чипорро пўписа кард ў. Чипор каме ҳаракат кард ва юғ байни гардани ҳарду гов рост шуд.
Ғанӣ дар огард ҳамчунон кард, ки падараш карда буд: «Бооо, бооо парч!» гуфта ба юғи назди гўши рости Чипор зад ва Чипор дар ҷояш истода, ба чап гаштанӣ шуд ва ҳамтираш Тарғил тезтар гашт, баъд дар ҷабини замин чинҳои сиёҳ пайдо шудан гирифт.
Тобаҳои дирўза тамом шуд. Ҳаким аз нав тоба гирифта тухмӣ пошид, сипас ба нонхўрак баромаданд. Лаби об нишастанд. Ҳаким нонро ду тақсим карда ба об андохт, об нонро бурд, боздошта аз нав сар дод. Нон обро ҷафид. Пас, хўрданд. Ғанӣ чормағз шикаста пеши падараш монд, гаштаю баргашта ба ришҳои тари ў нигарист, баъд ба фикр рафт.
«Чаро додои ман дар танҳоӣ ҳам бо ман сўҳбат намекунад?
Чунон ки дар китобҳо ҳаст, фикр мекунаду фикр мекунад, гўё дунёро дигар мекарда бошад, ё ман лоиқи сўҳбати ў нестам? Хайр, чӣ ҳам гўяд, охир. Зиндагиамонро ў ҳам медонад, ман ҳам. Дур набошем, ки пурсупос кунем... Ин хел ҳам гуфта намешавад»...
— Ҳаа... оқибат гургзода гург шавад, – фикри Ғаниро парешон карда гуфт ў. Писарак ҳайрон монд, ки ў чӣ мегўяд. Ҳаким ба бурдаи нони рўи об назар дўхта таассуфангез фикрашро давом дод: – Ҳў лаънатие, фиреб дода – хунаш вайрон шудагӣ, дигар дуруст намешавад. Вай набояд маро фиреб медод, ҷону дилашро бояд мебахшид. Муттаҳами гургошно. Хайр, деҳа калон не-ку, боз вомехўрем. – Гўё тамоми муддати ҷуфтронӣ дар бораи Сироҷ андеша ронда, ба шўр омада бошад, ўро хеле мазаммат кард.
Баъд дастархонро ғундошта ва об хўрда, бархост ва говҳоро аз нав ҷуфт баст.
— Монда шудӣ? – пурсид аз писар.
— Нее.
— Ҳа, йигит набояд монда шавад, – гуфт ў ва хоки пеши позаро бо мўзаи пояш тоза кард. Оҳани ҷуфт мисли киштии зериобӣ оҳиста-оҳиста зери оби хокиранг фурў рафт.
Ҳамин хел шуд, ки муддате ферма барои Ҳаким бегона намуд.
Гандум аз замини тахмин кардааш ҳам изофа кард. Бақияашро дар адир кошт. Сипас сар-сари рамаву подаҳо гашта чўпононро огоҳ кард, то гову гўсфандон ба замини корам надароянд. Вай хотирҷамъ ва хеле хуррам буд, ки кори савобе кард. Вале чунон ки гоҳ-гоҳе абрпораҳо рўи офтобро гирифтанӣ мешаванд, барои ў ҳам абрпорае пайдо гардид. Мухбир омадааст. Ҳуҷҷат дорад.
Масъалаи Ҳаким.
— Шумо худсарона дар замини давлат гандум коштаед, тухмиаш ҳам дуздӣ будааст, – даъво мекунад мухбир.
— Хўш, чӣ хел, дар куҷо?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан