Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 175 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 175 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ва сари синаи рустамонаи ў ба сўи офтоб бардамида буд. Вале офтоб ба дуродур рафта мардакро ҳамроҳи писараш ва Сироҷ дар кўҳи бекас гузошт. Ҳакими дилсоф ва поктинат мисли модарон, ки аз паси фарзандони ба роҳи дур рафтанашон сафедӣ пошанд, хайрияти сафари офтобро хоста ва боз омадани ўро умед карда донаҳои заррини гандумро ба дунболи он пош медод.
— Амак, дер шуд-ку? – тоқат наоварда гуфт Сироҷ.
— Одам батаҳаммул мешавад, писар.
Дами фурўрафти офтоб говҳоро сўи деҳа нишеб карданд.
— Пагоҳ барвақттар омадан лозим, ки ҷону ҷонварҳо донаҳоро начинанд, – гуфт Ҳаким. Сироҷ чизе нагуфт. – Сироҷиддин, пагоҳ хабар диҳам ё худат мебароӣ?
— Худам мебароям, амак.
Ҳаким аввал Ашўра ва баъд бригадирро ёфта боз як ҷуфт барзагов ва юғу омоч гирифт. Агар ягон-ягон касон дарди дили Ҳакимро нафаҳмида бошанд, дигар ҳама ба ҳоли ў хандиданд.
«Гушнагия муре, дар ҳамин солу замона кори ўро бину» ҳам гуфтанд. Вале барои мардак ин гапҳо аҳамият надорад, ҳатто гап не.
Лекин пагоҳ пайдо нашудани Сироҷ димоғи ўро сўхт. Як ҷуволи дигар гандумро бор кард ва «ҳеҷ гап не, писарам, ҳай гў» гуфта, ба писараш рў овард.
— Додо, акомро рафта гўям?
— Худат чӣ?
— Шумо ба ман бовар намекунед-дия!
— Барои чӣ, писарам? Бовар мекунам.
Ғанӣ сар хам кард, пас гўё қадами кушод гузошт, ки ба назараш дар чандин чунин қадам Сафедхокро баромада, ба Пушти шах мерасид.
Ҳаким ҷуфт ба рондан омода кард, пас ба писараш рў овард:
— Омочро дошта метавонӣ?
— Ҳа.
— Говрона задану гардишро ҳам? Лекин зўрат мерасад, ки омочро бардошта аз чап ба росттар монӣ, то ҷо-ҷо ҷуфт нокарда намонад?
— Ҳа.
— Набошад, аз паси ман ҳай гў.
Ҷуфти падар пешопеш ва ҷуфти писар аз қафо мисли ду киштие, ки акнун бодбонашро бардошта бошанд, ба ҳаракат даромад. Ҳаким бо як овози солорона ва марғўладор «бооо, парч, бооо, парч!»
мегуфт ва гўш меандохт, ки писараш чӣ мегўяд. Ў аз шарм садо намебаровард. Лекин зуд-зуд говрона ба говон ва юғу омоч мезад, то ба падараш расида гирад. Ҳаким дар огарди аввал ба писараш гўшаи чашм карда, «Писарам, овоз барор!» – садо дардод.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан