— Шумо аз рўи зўри худатон ба ман баҳо медиҳед, тағо.
— Ин гапи ман не, ҳама мегўянд, ки Абдуҳаким ба шаст рафта истодаасту ҳоло ҳам тугмаи сари синаашро намегузаронад...
Ҳаким дар ҳамвориҳои пушти шах гандум коштанӣ шуд. Ашўра инро ба раис гуфт. Раис аввал хандид, баъд иҷозат дод. Ҳаким ду писарашро гирифт ва дар кўча Сироҷро дучор омада, гуфт, ки ҳамроҳи онҳо равад. Ў розӣ шуд. Онҳо як ҷувол гандум ва юғу омочро ба харҳо бор карда, як ҷуфт барзаговро пеш андохта, бори дигар фарози Сафедхокро рост шуданд.
Пас аз офтоби тамуз ва тобистони дароз ҳамагӣ як бор шакарнам шуда буд, ки ақаллан ҳалқи заминро тар накард.
Ҳаким ҷуволи алоро аз пушти хар гирифта, ба сари замин гузошт ва юғро ба гардани говҳо бор карда, ресмони гарданчўбро гузаронд ва бо отанг омочро ба тир пайваст, ба нўки омоч оҳани наврегро ҷо кард ва «дасти ман не, дасти пири деҳқон» гўён заминро огард зад. Замин чандон сахт набудааст. Пас ў аз Сироҷ илтимос кард, ки то тухмӣ пошидани ў омочро рост дошта, аз паҳлўи хати кашидааш ҷуфт кунад.
Сироҷ дудаста омочро дошта, сари синаашро бар он пахш кард. «Боо, парч! Парч, боо!» гўён ба говон говрона зад. Ҳаким фўтаашро пешбанд карда, ба замин тухмӣ пошид, баъд ҷуфтро аз дасти Сироҷ гирифт.
— Сироҷиддин, ҷуфтрониро ёд гирифтаӣ?
— Ҳамаша метонам, лекин гарданам ёрӣ намедиҳад...
— Ёрӣ медиҳад, Сироҷиддин, омўхта шавӣ, ёрӣ медиҳад, – гуфт Ҳаким ва говрона ба рўи юғ зад. Барзаговҳо ба ҳаракат даромаданд. Оҳани ҷуфт ба замин фурў рафт ва хоки сиёҳча мисли дунбаи карти кордронда ба паҳлўи рост гашт ва гўё дар ҷабини ин замини дерсола як чини тўлонӣ пайдо шуд. Ин марди ҷавондил ҳамин чинҳои замини пирро бо майсаи гандум пўшонданист. Ў говҳоро не, балки ба юғи паҳлўи гардани онҳо ё ба банди омоч говрона зада садо дармедод, ки говҳо зудтар қадам партоянд: «Чу!.. Бооо, чу!.. Бооо, парч!» говҳоро ҳушёр карданӣ мешуд ў.
— Акнун ман ҳай гўям, – хоҳиш кард Сироҷ.
— Не, Сироҷиддин, ин говҳо мувофиқи ман не, хеле лаванд будаанд. Афсўси гови каллахам, беҳуда ба гўшт доданд. Ду шабонарўз ҳай гўӣ ҳам, паси гўшаш нам намебаровард. Инҳоро бин, дам карданд. Бо ин говҳо дар як ҳафта ҳам корида намешавем.
Сироҷиддин, ту тоба зан, ман тухмӣ пошам. Пагоҳ омада, дукаса ҷуфт мекунем.
Сироҷ бархост ва говронаро аз дасти ў гирифта, дасти чап ба омоч бурд ва говҳоро зад. Гўё дар ҳамвории дараи Пушти шах тарҳу нақшаҳои зиндагиро кашид ва Ҳаким бо донаҳои заррини гандум онро рангин кард. Мард гўё дар як дашти беканор, дар домани уфуқи дур дона мепошид.





