Мудир дигар чизе нагуфт. Баъд ҷангӣ шудагӣ барин ба марди дигар гуфт, ки ба ў расонад: «Ба ў гўй, монад акнун». Аммо Ҳаким гандумро бардошта, бо он мард даст дода ҷуволҳоро аз анбор берун овард.
Ба харҳо бор карда, пас гардонданд. Гашти рўз ба сепаратхона расиданд. Ҳаким ҳамроҳи мардак ҷуволҳоро ба синфе дароварда монд ва ба дараш қуфл зад.
— Нагуфтам, бародар, беҳуда кардӣ? Гапи калон мешавад,
– гуфт мардак.
— Ман ин корро ҳамту намемонам. Дар умрам ба касе бадӣ накарда будам, акнун мекунам... Адолатҷон, хуҳарам, якта чой мемондед. Бародар, туро хона барам гўям, касе нест, ҳама дар овул...
— Парво накун, аз овул кўчида оӣ, боз худам меоям.
— Хайр, ҳозир як пиёла чой... Ба ту гуфтам, гардонда бар...
Ман медонистам... Бурда ба пеши говҳо мерезаму ба ин ҳаромхўрон намедиҳам. Дидӣ, шарм гуфтанӣ гап нест, ҳў лаънатиҳое!
Намефаҳмам, ҳар кас қўрро ба болои кулчаи худ мекашад. Ба худо як касро надидам, ки ғами дигареро хўрад. «Худам шавам, бас» Ё тавба. Боз «ҳама барои як кас, як кас барои ҳама» будааст.
— Абдуҳаким, як ба замин туф кун, ҳамааш гузашта меравад.
Мон акнун. Ту гап назан, гап занӣ, ин кор зуд овоза мешавад.
Калонҳо мефаҳманд, ягон гап шавад, мана ҷеғ зан... Хайр, чой ҳам хўрдем, мо меравем, дер шуд, хайр, бародари азиз.
— Вақтат шавад, ин писарҳоро гирифта ба овул биё, тамошо мекунанд.
— Меоем. Ту ҳам роҳи деҳаи Фушунро гузаштанӣ шавӣ, даро.
Хонаи Солеҳи Фушунӣ гуфта пурсӣ, ҳар кас нишон медиҳад.
— Хайр!..
30
— Ман беҳуда худро зиқ мекунам, тағо. Хоҳ-нохоҳ, ман дигар дар фўрма лозим нестам. Акнун ба ширу равған кашондан ҳам ҳоҷате намондааст. Роҳи Сафедхоку Дарвозаи тангро дору монда талқон карданд. Мошинроҳа мешудааст, баъд ширро рост ба район бурда, ба завод месупоридаанд. Хуб кори нағз мешавад, тағо. Шир таги пою қурут йеми муш шуда буд. Нағз, ба худо, ки нағз... Занҳои сепаратчӣ буданду мудири фўрма буду Тўйчӣ буду ман будаму... бинед, тағо, дар як муддати кўтоҳ чанд нафар аз фўрма рафтанд.
— Зиндагӣ ҳамин аст, амак, як кас меравад, то каси дигар ояд.
— Тағо, мегўям, пир шуда истодем-чӣ? Акнун ба баъзе гапу гапчаҳо аҳамият медодагӣ шудаам.
— Не, амак, ҳоло кўҳро занед, талқон мегардад.





