Ҳаким бидонҳоро назди сепарат қатор гузошт, баъд баромада ба мардак гуфт:
— Бародар, шумо харҳоятонро ҳай карда, сўи деҳаи Майкада рафтан гиред. Ман аз боғ алаф даравида пеши харҳо партофта, шуморо дармеёбам.
— Дар Майкада чӣ мекунем?
— Ба анбори колхоз бурда месупорем.
— Абдуҳаким, бародар, аввал ба халқ фаҳмон, баъд ба анбор бар. Шояд халқ ягон чиз гўяд.
— Вай ҳаққи колхоз аст, меравем.
Ҳаким онҳоро сесад ё чорсад қадам дуртар аз анбор дарёфт.
Баъд харҳоро паҳлўи анбор қарор дода назди мудири анбор даромад. Харҳоро то назди тарозу бурданд ва ҷуволҳоро болои тарозу гузоштанд.
— Сесаду ёздаҳ кило, – гуфт мудир, марди лўндаи сурхпўст.
Баъд ишорат кард, ки бурда ба хоначае ҷудо резанд.
— Накладной намедиҳӣ? – пурсид Ҳаким.
— Накладнои чӣ?
— Охир, даромад шуд гуфта...
— Чӣ фарқ дорад, ако, рафтан гиред.
— Не, бародар навис, ба номи бригадири мо, ба номи Сафо навис, ў намурдааст, ба номаш навис. Ў намешуд, маро хомохом мехўрданд...
— Ин як бозёфт, ако, мардум донанд, ки ҳамун гандумро шумо нахўрдаед, шуд-дия.
— Не, навис, додарам, акт кун, ман имзо монам, инту намешад,
– якраҳагӣ кард Ҳаким, вале марди фушунӣ ҳамчу маломатза меистод.
— Лекин, марази чаккон омадӣ-дия!
— Чӣ! Ту бо кӣ тую ман карда истодаӣ, тиррончак? – ба хашм омад Ҳаким, – Пур камро хўрдааст. Ман ҳиллаҳои туро медонам.
Як накладной нависӣ, намемурӣ! Дастонат бутун, мисли мудири собиқ ангуштонатро тир нахўрдааст-ку?! Дина аз тухм баромадӣ.
Манро фиреб медиҳӣ. Чашм кушода дидагӣ корат ҳамин. Фиребу дуздӣ. Боз чӣ корро медонӣ?
— Акнун овозат баланд шуд-а? То имрўз сархам мегаштӣ, гандум ёфт шуд-дия!
— Ту, тиррончак, гапатро дониста зан, ҳеҷ вақт сархам набудам, намешавам ҳам. Осмон ба сарам фурў ғалтад ҳам, дар назди ту барин ҳаромхўрҳо сар хам намекунам, тирмизак! Ту маро кӣ гумон кардӣ? Ҳамту мекунам, ки аз пуштат даҳта ин хелин завхозча меафтад. Ту ин найрангатро ба дигарон мекунӣ, – сари ҷаҳл хам шуда, ҷуволҳоро гирифт Ҳаким ва ба марди фушунӣ фармуд: – Биё бародар, гандумро мебардорем. Ба ин дуздҳо хок ҳам намемонам.





