– Калониаш писарам, онаш набераам. Бовар мекунӣ-а?
Ҳаким сар ҷунбонд.
— Бовар бикун, бародар. Ана акнун, ман ва он гунаҳгорон дар назди ту. Ҳар чӣ фармоӣ, бародар; хоҳӣ, мардуми деҳаро ҷамъ овар, ман ин баччаҳоро наздашон бурда бахшиш пурсам. Хоҳӣ, худат ин ҷуволҳоро гиру баъд аз рафтани ман гўй, ки ҳамин хел шуда будаст...
— Лозим не, бародар, ин чиз фаромўш шуда рафт, гардонда бар.
— Ээ, Абдуҳакиме, ин чиз фаромўш мешудааст-чӣ? Сад сол гузарад ҳам, ин гап даҳан ба даҳан меравад, матал мешавад. Ҳозир ҳама ҷо сериву пурӣ, шояд гуноҳи маро бахшанд. Лекин он солҳо мешуд, маро лахту палахт мекарданд. Ин се ҷувол кам аст, бародар... Боз аз дастам ояд, қаврунашро мегардонам. Ман нагардонам, ба ин ҷону ҷигаронам васият мекунам, ки ба ту хизмат кунанд.
Ту фикру хаёли бисёр накун, Абдуҳаким. Ман худам ба зону афтида ҳамаашро ба мардум мегўям. Наход, ки маро парронанд...
Ман розӣ, ана инҳо зинда монанд, мешавад. Гард, Абдуҳаким, харҳои ту ҳам куҷо рафт, – гуфт ў баъд ба наберааш рў овард:
Ҳакимҷон, пеши харҳои амаката гардон. – Бачча дартоз сўи деҳа рафт. – Нашудагӣ кор шуд. Барои он ки ин қисса аз ёдам наравад, номи туро ба набераам мондам.
— Бародар, ман ҳамаашро мефаҳмам. Вале намехоҳам, ки халқ донад. Ман бадном шудам, бас... Фаровонӣ шудааст, дигар ба ёди касе намерасад.
— Намешавад, Абдуҳаким, нахоҳӣ, худам бе ту халқро ҷамъ карда, узр мехоҳам.
— Ҳаво гарм шуд, шир туруш мешавад, – зудтар рафтанӣ шуда гуфт Ҳаким.
— Ҳа... Писарам, ҳай гў! – ба писараш муроҷиат кард ў. Гўё аз паси корвони ширкашон, корвони шарокаткашон ба роҳ даромад.
— Не, бародар, харҳоятро гардон, – бозистода гуфт Ҳаким.
— Азобе, ки ин қадар сол кашидам, бас аст. Дигар азоб надеҳ.
Даҳони ҷуволро кушода гандумро ҳамин ҷо мерезаму баргардонда намебарам. Ман ба умед назди ту омадам, Абдуҳаким.
Ҳаким ҳарфе нагуфта қадам ба пеш андохт. Баъд раҳораҳ андешида, номаълум даст афшонд.
Дар назди мактабхонаи кўҳна фақат хари калта меистод. Ҳаким «ҳамин ҷо истед» гуфта худ ба сўи кўча тохт. Писарак аз он тараф харҳоро гардонда меомад.
Ҳаким бо ёрии мард ва писари ў бидонҳоро фаровард ва ба хона бурд. Рафоат ба район рафтааст, барои ҳамин харҳо гузаро шудаанд.





