Ҳаким Сафедхокро фаромад ва асари рўзи боронро дар канори роҳ дарёфт. Хеле вақт – як тобистони дароз гузашт, ҳоло ҳам нақш гум нашудааст. «Дар ин ҷо лаънатии хари калта афтид, то ҷуволи гандумро аз нав бор кардам, ки хару гандумро дуздиданд, ана инаш доғ, ҳоло ҳам доғ. Ба кӣ мегўӣ. Наход ҳоло ҳам фаромўш накарда бошанд? Хайр. Ба ҳар ҳол ман нахўрдаам. Ман рост бошам, парронанд ҳам хурсанд, мемурам. Лекин ба мардум инро фаҳмонда намешавад, даҳон кушода гап занӣ, ҷуволи алоро бунёд мекунанд».
Ҳаким аз хамӣ гузашт ва дар болотари деҳа суробе ба чашмаш намуд. Баъд наздик шуда се хари баборро дид. Дар хамгашти роҳ се хар шибоғ канда мехўрд ва се ҷувол ба пушташон бор буд. Дар назди харҳо ду писарбаччаи ҳашт-даҳсола. Марде дар канори роҳ каҷпаҳлў хобида буд. Баъд ба таёқаш такя карда хест. Наздик шудани Ҳакимро нигарон будааст.
— Ассалому алайкум, Абдуҳаким! – мард пеш омад.
— Ваалейкум ассалом, – таёқашро ба дасти чап гирифта ва омодаи вохўрӣ шуда, даст дароз кард. Вале марди ношинос оғўш кушод. Ҳаким ҳайрон шуд. Тахмин кард, ки ин мардро чандин бор дидааст, дар роҳи район, дар бозор ва баъзан дар даштҳо, аммо номаш ва кӣ буданашро хуб намедонад. Ҳаким ҳам мисли мардак таёқашро партофта оғўш боз кард. Ҳамдигарро ҳамчу бародарон ба танг кашиданд. Чашми Ҳаким ба баччаҳо афтид, ки ҳайрон менигаристанд. Мардак сарашро аз китфи рост ба китфи чапи Ҳаким гузаронд ва чун сўгмард хомўш монд. Ҳакимро аз оғўш раҳо намекард, Ҳаким хис кард, ки ў мегиряд. Мисли бародарони ҷоние, ки як умр ҳамдигарро гум карда, пас аз гумҷўиҳои зиёд дар пирӣ ба дидор расида бошанд.
— Бародар, маро бубахш… – гиряолуд гуфт марди ношинос.
— Бародар, маро бо ягон кас монанд кардӣ.
— Не. Ту Абдуҳаким, ман хуб медонам. Гуноҳи маро бубахш!
— Гуноҳат чист, то бубахшам?
— Худат хуб медонӣ... Ана ҷуволи ало, ана он гунаҳгорон,
– Ҳакимро аз оғўшаш раҳо карда ва бо ишораи даст ҷуволҳоро нишон дода гуфт мардак, Ҳаким ба ҷуволи ало нигарист. Дилаш сахт-сахт тапид. Баъд ў нафаси вазнин кашид. Хомўш монд. Мард хам шуда асои Ҳакимро бардошт, асои худро ҳам гирифт ва боз ба гап даромад:
— Абдуҳаким, бародар, ман ҳамаашро медонам, ба гуноҳи ман туро хуб танбеҳ доданд, таъна карданд, ҳоло ҳам таъна мекунанд.
Пайроҳаҳо кўр шуданд. Ту ҳоло ҳам марди бадномӣ... Бовар бикун, ки ҳамин корро намекардам, инҳо мемурданд, – баччаҳоро нишон дода гуфт ў.





