— Ҳа, то субҳ расам, набошад, шир дар бозгашт туруш мешавад...
29
Рўзҳои охирини ширкашонӣ ба хулосае омаданд, ки соли оянда сепаратро ба овул баранд ва Ҳаким ҳам аз ин азоби роҳ халос шавад. Вале Ҳаким пас аз ин гуфтугў андаке ба хаёл рафт: «Дигар ин зан ба пешвози ман намебарояд ва наберааш ҳар пагоҳ «бобоҷон»
гуфта ба сўям наметозад. Вале духтари ҷавони ў чаро бетараф?
Ман, ки омадам, ба сари сепарат метозад». Сипас ба муқоисаи модару духтар даромад. Рафоат зани резапайкари сафедрў ва аз чашмонаш оташ меборад, вале Адолат ҷавонзани гаронҷусса, парзадарў, фурўтан ва дар қаъри чашмонаш як асрор ҳаст, ки дарёфтанаш амри муҳол. Ва ҳоло ҳам Ҳаким нафаҳмидааст, ки чаро Рафоат «тақдири ў ба тақдири ман монанд» гуфт; дар ин хусус касе нашунидааст.
Ҳаким аз Дарвоза гузашт. Теғи офтоб бо сари ў бозӣ мекард, гоҳ сараш зери сояи теппаҳо мемонд, гох дучори зардии офтоб мешуд. Мерафту мерафт, мисли солҳои умраш роҳ ба пас мемонд ва боз баъди соатҳо ҳамин роҳро тай карда меомад. Қадам ба қадам нигоҳ карда меомад, ки дар қолаби нақши пойҳояш ягон чиз наафтида бошад. Ҳо, фақат як чиз – умр. Вале Ҳаким онро намебинад. Мераваду меравад. Аз рафтанҳои ў роҳ миннатдор аст. Хоки роҳ нарм мешавад, гоҳ-гоҳ чанг мебарорад. Ва наъли харҳо суда шуда ва ё порае шикаста рўи роҳ мемонад. Ҳаким онҳоро бероҳа мекунад ва гузашта меравад. Мераваду меравад.
Ва баъзан барои худ як пайроҳаи хурд сохтанӣ шуда бо канори роҳ меравад, ки зери чанги суми харҳо намонад. Махсусан дар Чориф пайраҳа шакл гирифтааст ва ҳезумкашҳо ва роҳгузарҳои дигар ҳам бо ин пайраҳа мераванд. Дар зиндагӣ ҳам чунин: пайроҳаҳои нав пайдо мешаванд, ки аввал назарногир, баъд шоҳроҳ мегарданд. Баъзан чунин мешавад, ки роҳи кўҳна хока ва хўрда шудааст гуфта, бо пайраҳа бисёртар мегарданд, роҳи кўҳна аз ёдҳо меравад ва оҳиста-оҳиста зери баргҳои алафҳо ва хасу хошокҳои канори роҳ мемонад.
Сентябр наздик аст, баччаҳои овул ҳам ғижжакбозиро бас карда бо ҳамин пайраҳа ба мактаб мераванд. Ҷасту хез карда мераванд ва чун муаллим «таътилатон чӣ хел гузашт?» гуфта пурсид, албатта якеи онҳо бори дигар ҳамин роҳро тасвир мекунад ва шояд зиракӣ карда пайраҳаи навро гўяд.
Ҳаким ҳам бо пайраҳа меравад ва албатта фикр ҳам мекунад, ки ин рафтанҳо башумор аст. Тирамоҳ наздик, овулиён сўи Сарой бор мебанданд. Шири говҳо ҳам кам шуда истодааст, вале қаймоқаш зиёд: чун пода ба дашт фаромада сарак, ки хўрд, шираш ғафстар мешавад.





