Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 168 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 168 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ҳа.
— Ту дар зиндагӣ чӣ фикру хаёл дорӣ?
— Ман дар зиндагӣ фикре надорам. То ин вақт фикр мекардам, ки зўр фақат манам, касе дасти маро қат карда наметавонад...
— Агар ба роҳи худ бошӣ, ба кори худ бошӣ, касе дасти туро қат карда наметавонад.
— Чаро пештар нагуфтед?
— Гуфтам ва бисёр касон гуфтанд, гўш накардӣ.
— Набошад, сари ҷаҳл гуфтаанд, насиҳат накардаанд.
— Шояд.
Онҳо ба мактабхонаи кўҳна наздик шуданд. Ҳаким хоҳиш кард, ки Сироҷ дарояд. Ў рад кард. Ҳаким дарро кўфт. Занак занҷири дарро кушод.
— Даро-даро,натарс, гуфтӣ-ку, гапи шуморо намегардонам?
Сироҷ ноилоҷ даромад.
Рафоат дасти пешбастаи ўро дида ҳайрон шуд ва ба Ҳаким нигарист. Мардак чашмакӣ зад. Ба сепаратхона даромаданд. Ў дасти Сироҷро кушод. Дар банди дастонаш чилбур нақш гузошта буд.
— Хуҳарак, чой доред?
— Ҳозир мемонам.
— Сироҷ, дастонат кор мекунанд?
— Карахт барин.
— Каме сепаратро тоб те, гиро мешаванд. Хунат камҳаракат шудааст.
Сироҷ аввал оҳиста-оҳиста дастаи сепаратро тоб дод, хеле тоб дод, баъд гарм шуда авҷ гирифт. Ҳаким ба дўли сепарат шир мерехт.
Занак чой дам карда овард. Ў фурсат меҷуст, ки ба Ҳаким гўяд: «Чаро ин авбошро овардед? Ман ба шумо гап доштам». Вале Ҳаким чунон вонамуд мекард, ки чизеро пай намебарад.
— Ако, ман доим ҳамин ҷо кор кунам-чӣ? – дар охир арз кард Сироҷ.
— Мумкин, – ҷавоб гардонд занак.
— Не, ба ту дигар кор меёбем. Ширкашонӣ маъқул не?
Сироҷ хеле ба андеша рафт, пас ҷавоб дод:
— Не, ако, ин кор ба ман намешавад.
— Хайр, кадом вақте ки маъқул шуд, биё. Ҳоло ёрӣ деҳ, ки бидонҳоро бор кунем...
Гўё нигохи чашмони занак сару рўи Ҳакимро ба зорӣ сила мекарданд: «Бигзор ин ҷавон равад, ту андаке ист» мегуфтанд, вале Ҳаким як марди гўле буд, ки аз ҳаракатҳо ва ишораҳои ў чизе намефаҳмид.
— Шумо меравед? – оқибат худдорӣ карда натавонист занак.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан