Қалбаш сахт-сахт тапид. Боз ба дар омада ба Рафоат муроҷиат кард:
— Хуҳарак, дарро занҷир кунед, як ҷо рафта меоям.
— Ман умед доштам, ки шумо мана танҳо намемонед.
— Зуд меоям.
— Набошад, дар яла меистад.
— Не, маҳкам кунед.
Ҳаким аз дар баромад ва ба адири канори деҳа рост шуд. Ниҳоят тез мерафт ва баъзан таёқро ба замин тир карда, ду-се қадам зада, боло мебаромад. Болотар аз ў садое баромад. Ҳаким қарор гирифта, гўш дод, боз пеш рафт. Сироҷ дар ҷое, ки ў куллук карда буд, набуд. Аз хамӣ овоз баромад, баъд садои гиря ба гўш расид.
Ҳаким наздиктар рафта гўш дод:
— Худоё, чӣ бадӣ кардам, ки ба ин ҳол гирифтор кардӣ... Ҳаа худо, ин рўзро ба одамони бад ҳам нишон медодӣ! Медидам, беормон мемурдам. Ин дам ягон худоҷў ҳам нест, ки ба ёрии ман расад. Хайр... Рўз мешудагист... Ба дастам меафтидагист...
Нобакор фиреб кард... Авлоди Ёрчаҳо ҳамту намемонад, сад пушт гузарад ҳам, қасосашро мегирад... Ўўў, ёрӣ диҳед... Дастакам шикаст, очаҷон!
Ҳаким дигар тоқат наоварда сурфид ва пеш рафта қасдан сурфид. Овози Сироҷ хомўш шуд.
— Кистӣ? – пурсид ў овозашро дигар карда.
— Сироҷиддин.
— Чӣ шуд?
— Занғари Ҳаким зада ғалтонд ва куллук карда рафт.
— Кадом Ҳаким?
Сироҷ овози ўро шинохт, ки хомўш монд, баъд ба гап омад:
— Ёрӣ диҳед, бародар, як гуноҳу сад тавба, ки дигар ба ягон кас бадӣ кунам.
— Кӣ туро баст?
— Акоҷон, раҳм кунед, ба худо, дастам шикаст, ҷунбида наметавонам, нўги таёқ ҳам ба замин ғўтидааст.
— Сироҷ, қасам нахур, бадӣ ва бадмастӣ дар хуни ту ҷой гирифтааст, боз бадкорӣ мекунӣ.
— Не, ако.
— Инро ба касе гўй, ки туро нашносад.
— Бовар кунед, акоҷон, мурдам!
— Бовар намекунам. Ту лафз надорӣ!
— Ако, модарбазино бошам, агар ба касе бадӣ кунам!
Ҳаким ба андеша рафт, баъд ба ў наздик омада таёқро аз хами пою байни дастони бастаи ў кашида гирифт. Поҳои ў дарёзиданд.
Сироҷ як нафаси дароз гирифт ва талвосаи хестан кард. Ҳаким аз дасти ў бардошт. Сироҷ рост шуд. Дастонаш баста буданд.
— Сироҷ.





