— Не, Муҳаммадмурод, – гуфт.
— Ун лаънатӣ куҷо шуд?
— Бетоб шуд.
— Толеаш будаст-дия, – гўён таёқи гаронеро ба замин зад ва якбора Ҳакимро дар партави моҳ шинохта наъра зад:
— Ҳаад! – гўён таёқ андохт.
Ҳаким реб дод ва чусту чолок аз банди дасти ў дошт. Фурсати гап нашуда, ба сурини рост гирифта ба замин зад. Сироҷ боз наъра кашид. Ҳаким пояшро ба гулўи ў гузошт. Сироҷ дандон зада чоруқи пои ўро газиданӣ мешуд, наметавонист. Баъд бо ангуштонаш рони ўро дошта, фишурд. Ҳаким ором аз миён чилбурро кушод.
Сипас дастони ўро бо зўрӣ якҷоя баст. Сироҷ ҳаракат мекард, ки ақаллан чизе гўяд, наметавонист. Ҳаким бо машаққате ўро чўпонӣ куллук кард. Бо дасти бастааш зонуяшро оғўш кунонд, баъд аз байни дасту хами пои Сироҷ таёқашро гузаронд. Дар зери обу арақ монд. Пас арақи пешонӣ пок карда, хест ва ба гап даромад:
— Ана акнун гургҳо хомталошат кунанд!
Сироҷ ин гапро шунида, ба худ омад:
— Акоҷон, тавба кардам, балотона гирам, умри баччаҳотона диҳад, – беилоҷ будани корашро дониста, ба зорӣ даромад ў.
Вале Ҳаким гўё бераҳмтарин одами дунё бошад, лом нагуфта ўро ба ҳолаш вогузошта рафт. Ў тохт, гўё аз Сироҷ мегурехт, то назди мактабхонаи кўҳна бошитоб омад. Зери обу арақ буд.
Ин бор ҳам Рафоат харҳоро дошта меистод. Ў ниҳоят нарм ва хастаҳол ба Ҳаким салом дод ва баъд илова кард:
— Ҷудо парешон кардед. Кўҳистон, кас метарсад.
— Ҳаа, хуҳарак, кўҳистон нокасон ҳам дорад, лекин одамонаш бисёр софдиланд.
Рафоат ба гапи ў сарфаҳм нарафт, ба бидонфарорӣ ёрӣ надода, ба хона даромад, то сепаратро соз кунад. То ҷунбуҷўли ў Ҳаким бидонҳоро кашонд.
— Шумо шир намеоред гуфта Адолатҷон духтарчаашро гирифта ба район рафт, – танҳо буданашро фаҳмонд ў.
— Шумо нарафтед?
— Не, ман шумо сарсон нашавед гуфта, нарафтам.
— Аз куҷо медонистед, ки ман меоям?
— Хоб дидам. Қариб ҳар шаб хоб мебинам. Шумо бовар намекунед. Хоб мебинам, ки шумо ҳар вақт маро хабаргирӣ меоед.
Меҳрубон, хандон ҳастед. Хеле бо ман сўҳбат мекунед. Ва дар охир мепурсед, ки «Акнун ман равам, дер шуд». Ман боз кай омаданатонро мепурсам. «Ҳар вақт, ҳар лаҳза меоям» мегўед.
Лекин дар бедориам шумо ин хеле не.
Ҳаким таъбири хоби ўро нагуфта ботинаш туғён кард. Бархоста берун шуд, рафта, харҳоро хабар гирифт, баъд пеши назараш омад, ки галаи гургон Сироҷро ба хамие кашида хомталош мекунанд.





