— Як пиёла чой хўред, баъд, – хоҳиш кард Бону.
— Баъд мехўрем.
Ашўраву Зироат бидонҳоро лаби об фароварда мешустанд, Зироат рамуз гирифтанӣ шуда чанд бор ба Ашўра нигарист. Баъд:
— Коргарҳои наватон читу? – гуфта пурсид.
— Кадомашон?
— Сепаратчиҳо.
— Нағз. Лаънатии Сироҷ як шаб ба сари бечораҳо омада, ҳамаро ба бузбозӣ андохт.
— Майлаш-дия, кам мешад-чӣ?
— Намуред шумо.
— Рост-дия! Худо барои ҳамин ду ҷинс офаридааст. Набошад, зан ба зан чӣ лозим? Духтуратон ҳам дигар намеояд-а?
— Меомадагист-дия.
— Хонаашон рафт?
— Ҳа.
— Мардаки хуб барин.
— Кӣ медонад.
— Ҳаа, ҷони ширин, шумо ба мард аҳамият намедиҳед. Мард махлуқи аҷиб аст, ба ғайр аз шўи ман ҳама мардҳо аҷиб.
— Аз ҳама шўи шумо одами хуб, апа, ҷанг надорад, бонг надорад, худатон хўҷаин...
— Хамин хелуу, сабил монад, боз дил-дия!
— Дилро идора кардан мумкин.
— То кай идора мекунед, як рўз не, як рўз мекафад.
Ашўра дигар чизе нагуфт. Зироат ҳам. Гўё ҳарду ба садои оби рўд гўш медоданд.
Пода омад. Боз садои ба сатилҳо бархўрдани шири говҳо баромад. Гови Ало ҳам нисфи пўсти пуркоҳро мелесид. Навбасти порсолаи ў гоҳ-гоҳ хумор карда аз куҷое пайдо мешуд. Овулгоҳи даҳонаи Бошахона мисли Санги Сипар он қадар зебо набошад ҳам, дар паҳлўяш як қири баланди Хоҷа Қисматро дорад, ки теғи офтоб пеш аз ҳама ба теғаи он мезанад. Ва дар доманаи ин кўҳ мазори Хоҷа воқест. Арчазор аст, туғу сиёҳдарахт дорад. Чун офтоб гашт кард, сояи ин теғаи баланд ба рўи овул меафтад. Ҳоло моҳ рост ба овул нигоҳ мекунад. Дар ин шабонгаҳ овул мисле метобад, ки дар афсонаҳо ҳаст. Гўё дар ин ҷо тоифае умр ба сар мебарад ва бозургони Ҳаким ҳар шаб ва ҳар субҳ корвон ба сафар мебандад ва бозмегардад. Имшаб ҳам корвон ба сафар баромад, вале пои Ҳаким пеш намекашад. Харҳо ҳамвора мераванд. Ҳаким ба хаёл банд буд. Дар даромадгоҳи деҳа ўро садои роҳзане як қад парронд.
— Ҳаким?!
Ўро касе дар деҳа ин тарз ном намебурд, ё Абдуҳаким ва ё Ҳакимбой мегуфт. Мардак хавферо пай бурдагӣ барин.





