Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 164 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 164 аз 470 · 3 ноябри 2026

Гирад! Ман дигар шир намекашонам. Дигарон барин кор мекунам, шаб бароҳат хоб меравам... Аввал Ашўраро бинам, баъд пеши раисаш меравам. Нашавад, ба район... Шир лозим набошад, беҳтараш надўшанд, монанд гўсолаҳо хўранд.
Баъд ин занҳои бечораро овора кардан чӣ ҳоҷат буд? Бе ин ҳам он қадар хурсанд набудаанд... Тавба, як фўрма одамро овора куниву ширро ба об сар диҳӣ...»
— Чӣ гуфтед, ако? – сухани охирини ўро фаҳмида гуфт занак.
— Ҳеҷ чиз, хуҳарак, ҳамту ба худам...
Ҳаким сари ҷаҳл бидонҳоро дароварда ва ҳарфе нагуфта баромада рафт. Ашўраро ҷуста, наёфт. Баъд омада, бидонҳои холиро бор кард ва ҳангоми сафар, гўё ки бо занак ҷангӣ бошад, харҳоро пеш андохта, қадамашро боздошта гуфт:
— Хуҳарак, фўрма биёяд, гўй, ки Ҳаким дигар шир намеорад.
— Шумо аз ман хафа нашавед. Ман ҳам инро намехоҳам.
— Не, хуҳарак, аз ту чӣ хафа мешавам, аз дасти ману ту чӣ меояд?
— Лекин шумо набояд ин хел рафтор кунед, ҳар рўз бояд биёед...

28

Ҳаким чанд рўз шир накашонд. Боз ҳезумкашонӣ кард ва занҳо дар дегҳои хурд шир пухта, ҷурғот хобонданд. Дар ин рўзҳо ҳезумчиҳо ва роҳгузарҳо ҷурғотро серӣ диданд, вале як бегоҳирўзӣ Ашўра асп монда омад, довталаб омад. Ҳамин ки Ҳакимро дид, дамаш фурў нишаст. Пас бо овози нарм ба гап даромад.
— Ако, барои чӣ ин хел кардед?
— Хуҳарам-муаллима, аз худат гап намемонад...
— Ако, шумо бояд маро ёфта мепурсидед... Ман дар ин масъала фикр кардам, бо раис маслиҳат ҳам кардам. Гуфт, ки ба об рез.
Лекин ба Адолат гуфтам, ки ҳар рўз чӣ қадар ба об рехтанатро навис, акт ҳам мекунем.
— Хуҳарам-муаллима, ба ман ин хел нафаҳмонданд. Аз рўи фаҳмидаам, фармон шудааст... Акнун ба мо ҷавоб деҳ. Бону вазнин...
— Ако, бе ҳамин ҳам сарам гаранг аст, чӣ кор карданамро намедонам. Ба ҷои ёрӣ...
— Ассалому алайкум, – аз дари хиргоҳ сар хаста, одоб кард Зироат. – Фўрмаҷон хуб ҳастед? Даракатон не?
— Ғами зимистон, нав се чоҳ махлут кардем. Коҳу беда дар саҳро. Мошин намерасад. Як тележка ҳаст, ки қунғузҳо барин меҷунбад. Апаҷон, бед бидонҳоро тоза шўем, шаб шир мебаранд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан