Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 163 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 163 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Дида будам. Қаҳрамониашро ҳам медонам.
— Як ҷо будетон?
— Аввалҳо як ҷо будем, баъд ўро бурданд.
— Вай ба шумо ҳеҷ чиз нагуфта буд?
— Гуфта буд, ҳамроҳ бармегардем гуфта буд.
Адолат маънии сўҳбати онҳоро пай бурда, наздиктар омад.
— Ако, кӣ «ҳамроҳ бармегардем» гуфта буд? – пурсид ў.
— Дар ҷанг як ҷўра доштам, рўзи ҷудоӣ ҳамин хел гуфта буд.
— Ман хаёл кардам, ки дар бораи дадаи ман мегўед.
Ҳаким ба Рафоат нигоҳ кард ва худро даст гирифта натавониста, болои ғўлачўб нишаст. Адолат баргашта ба сепаратхона даромад.
Рафоат аз паҳлўи мардак гузашт ва аз пушти гардан ўро оғўш карда гирист.
— Ин хел накун, хуҳарак, хуб нест.
— Медонед, ман чанд сол боз ўро интизор? Бист сол.
— Боз интизор шав.
Рафоат ўро сахт ба танг гирифт, баъд сар дода назди духтараш рафт.
Ҳаким аз банди андеша раста, бархост. Ин дам ду зани сатилбадаст аз дари мактабхонаи кўҳна даромаданд ва фурсате нагузашта, сатилҳоро пур аз шир карда рафтанд.
— Ин чӣ хел? – пурсид Ҳаким.
— Ҳамин хел. Акнун шири аз сепарат баромадаро ба колхозчиҳо медиҳанд.
Вале Ҳаким пас аз чанд рўз ҳодисаи дигареро дид: вақте ки аз болои пули ҷўй мегузашт, оби онро ба сони шир сафед дид.
Ҳайрон шуд. Ба мактабхона расида дид, ки шири бидонро ба об рехта истодаанд.
— Ўў, шумо чӣ кор мекунед? – бори харҳоро нафароварда дод зад ў.
— Ҳамин хел фармон шуд. Ҳама сер шудаанд, шири беравған ба касе лозим набудааст. Қурут дар анбор кирм кардааст, касе нигоҳ намекунад, мегўянд. Фақат чоруқдўзак барои гўсолаи сағирааш як сатил шир мебарад.
— Хуҳарам, хама чиз гузарон аст. Гушна будем, сер шудем, боз беҳтар мешавем, вале ношукрӣ кардан хуб нест, – гуфт ў ва назди харҳо рафт, то аз зери бор раҳояшон кунад. Ҳаким тафсидан ва ҳатто сурх шуданашро ҳис кард.
«Ҳу, маст-дия, маст. Мўрча нагазидааст, – ресмони бидонҳоро кушода фикр мекард ў. – Наход ширро ба об резед. Ман барои ҳамин ин қадар ҷон меканам? Барои ҳамин умрамро кўтоҳ мекунам? Ҳамин хел-а? Ман мисли дигарон одам не-дия, ба ман хоб, роҳат лозим не-дия! Лекин ба Ашўра чӣ шуд? Наход худаш фармон дода бошад?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан