Шабонгаҳ моҳу ситораҳо қадамзании ўро мешумуранд, гоҳе як тумани тираи ғафс ўро ҷома мешавад ва борон дар қатраҳои нуқрафом ўро ғусл медорад. Чун харҳо дар нишебиҳо шуданд, аз ҳавзаки сарпўши бидонҳо об мешорад. Ва ў тамоми роҳ фикр мекунад: дар бораи ҷанг, дар бораи зиндагӣ, кору бор, аз хусуси он, ки чандин сол гузашт, фарзандони ў ҳафт нафар шуданд ва ҳоло ҳам сирри гум шудани гандуми ҷуволи алоро касе намедонад. Андешаҳои ў мисли солаш рўз то рўз зиёд мешаванд; акнун андешаи гапи мардум, ки чаро дар бораи Ашўра ин хел фикр мекунанд ва андешаи гапи Рафоат, ки ман аз навозиши мард сер нашудаам мегўяд. Ва чаро ин хел мегўяд, Ҳаким намефаҳмад.
Тариву намии фаслҳо гўё ба устухони сахт ва обутобёфтаи Ҳаким кора кард. Аввал буҷулаки пои росташ, ки тир зада буд ва дар госпитал ҷарроҳӣ карда, устухонрезаҳоро гирифта буданд, дард ёфта, ду-се рўз лангид. Сонӣ бозуи чапаш варам карда, зери пўст ба қадри донаи зардолу сангсифат ғуре пайдо шуд. Баъди азоби чандрўза ғур сар овард. Пиёзро зери қўр карда бастанд. Сипас аз зўрии қувваи мардак бошад, ки аз байни захми пухта ба сони сангчаи сиёҳ оҳанпора баромад. Бону оҳанпораро гирифта, як ба шавҳараш нигарист ва зуд аз қаймоқу орд марҳам карда ба захм баст. Ҳаким хандида меистод, ки ҳам дардро ҳис накунад ва ҳам дили занаш ганда нашавад; гўё ҷангро кайҳо фаромўш карда, ғами зиндагиро мехўрад. Ду рўз касе ширро накашонд.
Рўзи сеюм боз худаш бурд. Рафоат ўро пешвоз гирифт ва Садорат тозон баромад.
— Бобо, бобо, чаро дер омадед?
— Дастам касал шуд, ҷони бобо.
— Ээ мурад, – дилсўзӣ кард ў, момояш ба ҷои ў шарм дошт.
Ҳаким хандид.
Рафоат ҳам пурсид:
— Чӣ хел касал шудед?
— Нишонаҳои ҷанг аз баданам рў зада истодааст, – ба даст ишора кард ў, баъд оҳанпора баромаданашро гуфт. Рафоат хеле ба фикр рафт. Гулўяш пур аз гиря шуд, вале илоҷе карда фурў нишонд.
— Илоҳӣ, номи ҷанг аз ҷаҳон гум шавад;
— Шумо ҳам...
— Дадаи Адолат... Гулоб...
— Чӣ?
— Гулоб.
— Гулоб?!
— Ҳа, Гулоб, рафту аз паяш хати сиёҳ омад.
Ҳаким ба андеша рафт ва пас аз фурсатҳо пурсид:
— Ҳамун Гулоби хонанда?
— Ҳа... Шумо ўро дида будед?





