— Ин хел нагўед, «хуҳар» нагўед.
— Чӣ-ба?
— Ман... ман.. – сухан дар гулўи ў печ хўрд.
— Аз ман хавф набаред...
— Мефаҳмам. Ман бояд ба шумо як чизро гўям... Шумо маро маломат накунед. Ман аз навозиши мард ва аз дидори ў сер нашудаам.
Рафоат тоқати нишастан накарда, бархост ва ҷомаи хушкшударо ба китфи Ҳаким партофта назди Адолат рафт.
— Мон…монда шудӣ, духтарам?
— Не.
— Монда шуда бошӣ, рав, хоб кун.
— Тағо, акнун гапи ман дар ферма намегузарад. Вай тирмизак нархи сабзиву пиёзро напурсида, ин хел рафтор кард, дигар ман бо ў маслиҳат карданӣ нестам. Лекин шумо гўед, ки ин масъаларо ҳал кунад. Ҳал карда натавонад, ин дафъа худаш биёяд... Оҳ, чӣ хел баъзеҳо беандешаа! Наход, ки барои хеш шуда гўру аъмолатро сўзӣ. Як касро танг кунӣ, маҷбур кунӣ, ки аз ҷои баҳузураш беҳузур шавад... Мудири ферма нею, фарз кардем, раис мешуд. Боз ҳамин корашро мекард-дия, а, тағо!
— Ҳамин хел, амак... Он гоҳ мудири анбор дигар мешуд.
— Барои чӣ? Барои чӣ ба дуртар нигоҳ намекунанд? Гўё барои ман кор ёфт намешуда бошад. Беақл. Ашўра мегуфт, ҳар сардор коргар гирифтан хоҳад, аввал наздиконашро ба ёд меорад. Аввал хеш в-он гаҳе дарвеш... Тағо, шояд ин кор ҷои айб надошта бошад.
Қонун будагист. Қонуни зиндагӣ будагист. Як кас ба каси дигар ҳеҷ бадӣ накардаасту ситорааш рост наомад. Ё ягон худширинкунак, назди сардор рафта, як ҳамкорашро бад мекунад, гапҳои набудаю нашударо ба номи ў мечаспонад... Ин хел роҳҳо бисёр. Одамизод махлуқи аҷоиб, тағо...
— Шумо барои ҳамин кор хафа шудед? – аз ў гап мегирифтагӣ барин пурсид ронанда.
— Ман? Пфе, ман хафа мешудам. Охир ман ҳам одам, як шаби ҳалол хоб равам, хуб нест?.. Худо гўед, ки саломатӣ аз даст наравад. Ман дар бораи худам намегўям, тағо. Дар бораи ҳама, дар бораи ҳар кас, дар бораи одам мегўям.
— Ин гап дар ҳама ҷо ҳаст, амак. Ин чизро ҳар кас медонад, ҳама мехоҳанд, ки ягон кори хайр кунанд. Лекин ҷояш ояд, танг карда меистанд. Кори аз дасташон меомадагиро намекунанд.
— Дар хуни одамӣ як чиз ҳаст-дия, табибон ҳаминро наёфта истодаанд, лекин меёбанд...
Ба гуфти Ҳаким, умри ў дар раҳу рў мегузарад. Ва ҳар боре, ки
дар як ғояти шаб ва ё қариби субҳдам ба овул расид, Бону шукр
мекунад, ки Дарвозаву дараҳоро сиҳҳату саломат гузашта омадааст.





