Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 160 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 160 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Худам мефурорам, шумо тар мешавед, – одоб кард Ҳаким.
— Ҳеҷ гап не, дукаса тезтар мешавад.
Рафоат дар зери нури равзанаи хонаи ҳамсоя як назар дид, ки аз бадани Ҳаким бухор мебарояд. Гўё дилаш реш гашт, сар ҷунбонд. Ба духтараш садо дод:
— Адолат, Адолатҷон, дардат занад, як алови аланга кун, акот ба зери об мондаанд, оби ҷўш ҳам мон!
Ҳаким зуд бидонҳоро даровард ва дастон ба оташ тоб дода гарм шуд. Бухори ҷомаи ў мисли ҳаври адирҳои аз зери барф раҳошуда мебаромад.
— Акнун ман хона рафта либосамро дигар карда меоям,– гуфта Ҳаким бархост.
— Ҳоло борон намондааст, боз тар мешавед, беҳтараш, ҷомаатонро кашида диҳед, ман хушк мекунам, – гуфт Рафоат.
— Нее, раҳмат.
— Шумо бегона ҳисоб накунед. Ана назди Садорат даромада, дам гиред. Ман либосатонро хушк мекунам.
Дар оташдони ошхонаи Мулло Турсунӣ оташ аланга мезад.
Рафоат боз дар оташ зардакӣ мегузошт. Акнун худи Ҳаким ҷомаро кашида ба оташ медошт. Куртаю эзори ў ҳам тар буд.
— Ба ман диҳеду шумо худатонро хушк кунед, – боз ҳохиш кард занак.
Ҳаким ин дафъа сухани ўро накушт. Акнун пушту пеш гардонда куртаву эзорашро хушк мекард.
Хомўш буданд. Садои сепарат меомад. Гўё бадани Ҳаким гарм шуда, ҳушаш ба сар омад, ки пурсид:
— Авбошро сар доданд?
— Не, милиса омада ба район бурд.
— Кори хуб нашудааст.
— Ҳа, аз мо хеле гап пурсид. Лозим шавед, омада мебарем, гуфт, – астари ҷомаро ба оташ гардонда гуфт занак.
— Лекин бо ин корҳо вай одам намешавад, – фикрашро баён кард Ҳаким.
Гўё мавзўи сўҳбати онҳо тамом шуд. Хеле хомўш монданд.
Деҳа ҳам ором буд, фақат садои борон, овози оби тарновҳо ва шақар-шақари сепарат ба гўш мерасид. Вағ-вағ сўхтани зардакӣ ва қирс-қирси шохчаҳои он наздиктар аз садоҳои дигар буд.
— Қисмати духтарам ҳам айнан мисли худам шуд, – гўё ки Ҳаким аз ў пурсида бошад, ба гап даромад занак. Ҳаким ҳам хомўш истод, ки занак боз чӣ мегўяд:
— Ягон вақт танҳо ба танҳо шинем, ҳамаашро мегўям.
— Ҳозир ҳам танҳо-ку?
— Ҳозир дер шуд. Адолат монда шуд. Ман ёрӣ медиҳам.
— Гап занед, хуҳар, баъд ман ёрӣ медиҳам.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан