Гуфти Ашўра: «Ба ту чӣ? Занаш набошӣ, хоҳараш набошӣ, холабаччая бачеш. Боз ба замин шишта дасту по ҳам мезанад. Рўт сиёҳ бешарм...»
Ҳаким тамоми роҳ андеша карда мерафт, худ ба худ гап мезад, баъд ба хулосае омад, ки Ашўра биёяд, маслиҳат карда аз ферма равад...
Шабонгаҳ. Ҳаким аз сои Чуқур гузашту борон ҳам дона кард; баъд ончунон борид, ки дар нишебии Сафедхок по монда намешуд; пои харҳо мелағжид, мўзаи Ҳаким мепартофт. Ў асояшро ба замин тира карда, лағжидаю афтида фаромад, вале хари думкалтаи колхоз пойҳояшро дошта натавонист. Ду пои пешаш паст лағжид ва худаш мисли тулум (тюлен) ба шикам хоб рафт. Пешонаи Ҳаким сард шуд, баъд рафта харро бардоштан хост, хар талвосаи хестан карда пасттар ғеҷид. Илоҷи пойҳои харро қат карда хезондан набуд. Ҳаким харро то хамгашти роҳ вазза кашида, фуровард.
Бидонҳо ба кўрсангҳои роҳ бархўрда садо мебароварданд. Ў нафасашро рост кард. Пешонии дардгирифтаашро арақи сард пахш кард. Ў гўё бо мушкилоте дастогиребон бошад, нафасаш якка шуд. Сипас ҳангоми хам шудан як нафаси дароз бароварда, поҳои пеши харро қат кард ва аз думи калтааш бардошт. Хар як ҳамла кард. Хеста натавонист. Ў бо асо ба думғозаи хар зад ва бошаст аз думаш бардошта «Ихххх!» гуфт. Боз нашуд. Ресмонро кушода бидонҳоро гирифт ва харро хезонд. Хар меларзид. Либосҳои Ҳаким ба баданаш часпида буд. Ларзиши пойҳои ў низ ҳис мешуд.
Атроф ончунон торик буд, ки Ҳаким на харҳои дигарро медид ва на садои пои онҳоро мешунид.
Ў аз ду гўшаки бидони пуршир ресмон гузаронида, як гиреҳ кард, баъд бардошта ба паҳлўи рости полон гузошт ва нўги ресмонро зери пояш гирифт. Бидони дуюмро бо дасти рост кашида каме бардошт ва бо ёрии зонуи рост ба паҳлўи чапи полон ва ҳамон зайл рўи зонуяш дошта як нўги ресмонро аз зери пой кашида, аз байни гўшакҳо давр занонд ва ба нўги ресмоне, ки дар зери пой медошт, баст ва каме фаровард. Сипас пордум гирифта харро ронд.
Аввал хар ду-се чамид. Баъд ба роҳ даромад. Ҳаким ба сағрии вай чўб зад, то тезтар гардад, вале роҳи лағжон имкон намедод.
Ў тамоми тўли роҳ нигоҳ кард, ки харҳо наафтида бошанд.
Вақте ки пули рўи ҷўро гузашта ба дари мактабхонаи кўҳна омад, Рафоатро дид, ки чатр гирифта пеши харҳоро гардонда меистод. Дили Ҳаким бардошта шуд. Табассум ҳам кард.
— Раҳмат, хуҳарак, ман хеле парешон будам, ки харҳо гузашта мераванд.
— Ман медонистам, ки ҳамин вақт меоед, баромадам. Вайвайе, тар шудед, – гуфт занак ва паҳлўи хар гузашт, то бидонҳоро фуроранд.





