— Ман шир хўрда одат накардаам... Баъд, Сироҷ ба ман кӣ мешаваду кӣ намешавад, кори ту набошад. Ҳаким ба ту кӣ мешавад, ки ин қадар аз думаш канда намешавӣ?
— Уў, хуҳарак, худатро дон, ба дигарон корат набошад,– каме рост шуда гуфт Ҳаким.
— Мардум рўирост ҳар кор кунанд, гап не, лекин Сироҷ аз дари ин қанчиқҳо як бор «ҳой» гуфта, дар бало монд-а?
— Гап назанед, ако, меҷакад-меҷакад, монда ки шуд, меравад.
— Намерам, то ёфта надиҳӣ, намерам!
— Набошад, туро пеши вай барем?
Занак чӣ гуфтанашро надонист.
Ҳаким ҳамаи бидонҳоро даровард. Адолат сепарат гардонд.
Ашўра ҳамаро аз дар берун карда дарро баст.
Занак чӣ кор карданашро надониста, асои беруни дар мондаи Ҳакимро бардошта ба фарқи сари харҳо фаровардан гирифт. Ҳаким ин ҳолро аз роғи болои дар дида башаст баромад ва таёқро аз дасти ў даррабуд. Занак дод зад:
— Ёрӣ диҳед, мардаки номаҳрам маро кууушт!!!
— Ё наъузан биллоҳ! Худоё, аз тўҳмати ногаҳону аз ин балои охирзамон нигоҳ дор!..
26
Ҳаким дар ин солҳои наздик ду бор сахт хафа шуд: соли гум шудани ҷуволи гандум ва имрўз; ғазабӣ ҳам шуд ва бо як зуъм харҳоро пеш андохта ба кўҳ рафт. Сироҷ ҳоло ҳам дар синф ба ҳукми зиндонӣ буд ва занак дар паси дари ҳавлӣ бадгўӣ дошт.
Ҳаким ба хар савор нашуд. Кўҳтали Сафедхокро пиёда баромад ва он қадар арақ кард, ки ҳеҷ гоҳ либосаш ба ин андоза тар нашуда буд. Шояд аз қаҳру ғазаб ва ё аз андешаҳои зиёд арақшор гашта буд:
«Ҳаа... ана мардум дар бораи чӣ андеша мекардаанд... Ман кўрнамакӣ нашавад гуфта, ба Ашўра ёрӣ диҳам, то танҳоиашро ҳис накунад, онҳо ўро ба ман хушдор кардаанд. Ашўраи бечора...
Айби худаш ҳам ҳаст. Чаро шавҳар намекунад? «Туф кунӣ, ба зани бева мечаспад» мегўянд. Бонуи ман ин гапро фаҳмад, хафа мешавад. Як гўсолаи рихин подаро ҳаром мекунад. Як даҳан гапи занаки шаттоҳ як деҳа мешавад, баъд колхозро фаро мегирад.
Ихлоси мардум аз ман гардад ҳам, айбе надорад. Ман «гандумдузд», ман «занакабоз», ман «фермаро мехўрам»... бо тўҳмат ҳам аз маърака берун шудан мумкин аст. Ҳатто аз пушти як Сироҷи тухмдузду бадмаст ман бадном мешавам. Худо умратро диҳад, бачча... Хайр, деҳаи мо кай аз гап холӣ буд? Одам ҳаст, гап ҳаст...
Хайр, ман мард. Сироҷро мефаҳмам, ў маст ҳам буд, лекин ба вай занаки шаттоҳ чӣ?





