— Хизмататон ҳамин? Мардҳоро бероҳа кунед, баъд ба доми бало андозед? – дод зад занаки шаттоҳсурате.
— Рўякам сиёҳ, тўҳмат накун! – ба гап ҳамроҳ шуд модари Адолат.
— Боз ин чӣ гап?! – аз дари ҳавлӣ даромада гуфт Ашўра.
— Апаҷон, инҳо моро шарманда карданд! – Адолат Ашўраро дида хориаш омад ва гирист.
— Ба инҳо баробар нашавед. Инҳо одат кардагӣ. – Адолатро ба хона дароварда гуфт Ашўра.
— Ба мо чӣ шудааст? Ҳаромхиштак нестем-ку! – фарёд зад занак.
— Ба коратон равед. Ин ҷо ҷои ҷанг не!
— Гала қанчиқхо як шуда Сироҷи моро куҷо бурдед?
— Ба нарсаги Сироҷатон гўед, ки аз паси «қанчиқҳо» наояд!
— Ту ҳаф-ҳаф накун, пирдухтар, ки оби рўта оби ҷў мекунам!
— Ман инро медонам. Шумо киро мақол накарда будед? Аз чархи осиёи шумо, фўтақушқоракҳо, кӣ хушк баромада буд?!
— Ў, то ба фўтақушқоракҳо баробар шудани ту думи шутур ба замин мерасад!
— Ҳа, апаҷон, ақли фўтақушқоракҳо як умр думи шутур барин калта.
— Ақли ту дароз шуда чӣ кор кардӣ? Сарлуч шудӣ, аспсавор шудӣ, миёни мардон шудӣ, ном баровардӣ. Дигар кӣ шудӣ, чӣ шудӣ? Анаю! Ёфтӣ ба кӣ часпиданата. Сироҷи мо безан намемонад... Вай ту барин не...
— Гум шавед аз ин ҷо, ин ҷо корхона аст!
— Намеравам! То Сироҷама наёбам, намеравам!
Ҳамин вақт «иш-иш»-и Ҳаким баромад.
Занак ҳамаро монда ба вай часпид:
— Буққаи зотӣ, ширу қаймоқи фўрма маст кард чӣ?
Ҳаким як ба ў нигоҳ кард ва ҷавобе надода бидонҳоро фаровардан гирифт.
— Боную Фўрма кам буд, ки боз инҳоро ҷамъ карда, маймунбозӣ мекунӣ!
Ҳаким ба гапҳои ў аҳамият намедод, вале Ашўра ларзида рафт.
— Ҳолӣ ту чӣ гуфтӣ? – ба занак наздик омада, гуфт Ашўра.– Ин қадар аз даҳонат бўи нохуш меояд?
— Худоноумедҳо, чӣ гуфта Сироҷа қава мекунед?
— Сироҷ ба ту кӣ мешавад, ки ин қадар худатро ҳаштлахт мекунӣ? Сироҷ оча дорад, хоҳар дорад. Канӣ? Ба ту чӣ? Дар сояи ғафс нишаста гови парворӣ барин рўған бастаӣ, мардумро намемонӣ кор кунанд. Ҳамин ширҳо туруш шавад, ҳамаашро дар гардани туву Сироҷат начўт мекунам.





