Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 156 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 156 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Даро, охир, ҳаминро мехостӣ-ку?
— Ин чӣ гап аст? – овози зане ба гўши Ҳаким расид. Баъд наздиктар омада ба Сироҷ таъна зад: – Худо ту ғўли биёбониро гирад! Аз дасти ту рўз ҳаст ё не?
Ҳаким ба гапи Ашўра эътиборе надода Сироҷро то остонаи дар кашола кард.
— Ўро куҷо мебаред, ако?
— Ин кас назди ҳамин занҳо даромаданӣ будаанд.
— Бар падарат лаънат, бетарбият! – гуфт Ашўра ва ба Ҳаким мадад карданӣ шуда аз паси ў тела дод. Сироҷ ўро лағат зад ва пойҳояшро ба остона тира монд. Ашўра ба бари гўши ў як торсакӣ зад. Ба хашм омад ва хам шуда таёқи Ҳакимро гирифта, ба хами пои Сироҷ фаровард. Пойҳои ў қат шуд. Баъд ҳамчун масти беёд ба зону афтид.
— Ош накун, манҷалақӣ! – ба Ашўра дўғ зад ў, – маро Сироҷ мегўянд.
Ашўра дар ғазаб шуда аз пои ў кашид.
— Фўрмаҷон, ин ҷо надароред! – илтиҷо кард модари Адолат.
— Мақсади ин кас ҳамин ҷо даромадан будааст.
Сипас он ду ҷавон, ки то ин вақт худро бетараф гирифта меистоданд, наздик омада илтимос карданд. – Монед равад, дигар намекунад.
— Ин хар фақат дар гўристон тавба мекунад, – ҷавоб дод Ашўра ва «канӣ, аз дасту пояш бардоред», – гўён хоҳиш кард.
— Мо чӣ кор дорем!
— Набошад, равед!
Ашўра боз ба ғазаб омад ва аз як пои ў дошта кашид.
— Не, истед, хуҳарам.
Ҳаким аз миёни ў даст андохта, озод бардошт ва ба хоначае бурда партофт.
— Мон, чанд вақт адаб омўзад, – гуфт, баъд берун баромада ба дар қуфл зад ва калидро ба кисаи яктакаш андохт. Рафта бидонҳоро даровард ва бидонҳои холиро ба пушти харҳо бор баст.
Сари субҳ авлоди даҳанкалонҳо аз ин асрор воқиф гашта, ба дари мактабхона ҳуҷум карданд.
— Бешўӣ кашидед?!
— Фўрмаатон бо ҳамин роҳ ба шў расиданист?!
— Ба худаш муносиб ягон мардакро ёбад!
— Вай ёлиқи Сироҷи мо не!
Бечораи занҳо чӣ ҷавоб доданро намедонистанд. Хешони Сироҷ турми дари ҳавлиро бароварда, даромаданд, «қанчиқҳо» гўён ба занҳо дарафтиданд.
— Ба шумо хизмат мекунем гуфта гунаҳгор шудем? – гўё ки онҳоро тела медода бошад, дастонашро пеш бурда гуфт Адолат.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан