Ба мактабхона наздик шуд, гиряолуд гап задани зане баръало ба гўшаш расид. Пас пеши харҳоро боздошт.
— Ако, акоҷон, хайрият, ки омадед!
— Чӣ шуд, ҳуҳарам?
— Ин мардак маст шуда ба сари мо омадааст! – арз кард Адолат ҷавонмардеро нишон дода.
— Сироҷ?
— Ҳа, Сироҷ! – сари синаашро дамонда гуфт ў.
— Одам нашудӣ, нашудӣ-дия!
— …дия… Кӣ? Ман? Ў, мана писари Ёрчаи каллабур мегўянд.
Сарат чандта?
— Ба сари ман корат набошад. Ҳоло ба сарат нахўрдаӣ, бачча.
Хўрӣ, мефаҳмӣ.
— Охир, канӣ ҳамун кас! Ў, балота гирам, ин кори мард. Мард ғайрат карда аз сархори бегона нигоҳ мекунад. Ҳаа.
Ҳаким гапҳои ўро лаққигӣ дониста, ба ў ҷавоб додан нахоста, харҳоро бор зер накунад гуфта, бидонҳоро фаровардан гирифт.
— Балоша гирам... Ҳум... Ба шумо чӣ, ини шумо дард мекунад?
— Налақ, бачча, ҳоло, ки нўхтаатро нагирифтаанд, хап рав!
— Канӣ? Кӣ мегирад?
— Ягон кас дасташро ҳаром кардан хоҳад, мегирад.
Сироҷ сўи ў ҳамла кард. Ду ҷавони расида омада ўро боздошта наметавонистанд.
— Канӣ, сар диҳед, ҳамин чӣ кор мекунад! – ба ҷавонон муроҷиат кард Ҳаким.
— Чӣ, ин духтарат мешад, занат мешад, ки ин қадар алам кард?
— Гум шаве, дак...
Адолату модараш ғарибона дар ду паҳлўи дар меистоданд.
Баробари ҳамла кардани Сироҷ ҳарду худро даруни дар кашиданд.
Вале Ҳаким даст аз ресмони бидонҳо бардошта як қадам ба сўи ў монд. Сироҷ наздик шуду мушт андохт. Ҳаким – марди набарддида бо ў саромушто рафт. Дасти ўро ба усули самбо ба пушт гардонда, ба банди пояш зада афтонд ва ба шикамаш зонукунда зад. Сироҷ ҳиш-ҳиш карда ҷонаш ба танг омад, вале даста надод.
Сонӣ аз зўрии дард ва алам наъра кашид.
— Номард! Куштӣ!
Ҳаким лаби поёнашро газида ўро парў гардонд, баъд пояшро дароз карда аз назди бидонҳо ресмонро кашида гирифт, дасти ўро баст ва ба по хезонд.
— Ана акнун даро! – ба дари мактабхона ишора карда гуфт ў.
Сироҷ худро ақиб кашид.





