Иш! Андаке ист. Ман рафта аз ў узр пурсам. Мардак, пир шудӣ, худата дошта натавонистӣ. Рост мегўяд, кори ў нест..»
Ҳаким харҳоро ба алафзори канори роҳ монда, дартоз сўи деҳа омад ва боз дари онҳоро кўфт.
— Кист? – аз рўи ҳавлӣ садои Адолат омад.
— Ман, духтарам, кушо!
Адолат занҷирро бардошта дарро ба рўи ў боз кард.
— Бубахш, духтарам. Ман дар умрам ба касе гапи сахт назадаам. Кайфи хоб қатӣ ба ту дўғ задам. Дар роҳ ба худ омада пай бурдам, ки ба ту дод задам. Ту хафа нашав.
— Не, хафа намешавам.
— Аз барои худо, хафа нашав. Ман ҳозир ба авул расида, Фўрмаро мефиристам. Ҳамааш ҳал мешавад. Харҳоро дар роҳ мондам, сайду суйд нахўрад...
Аз омадани ў харҳо хўсида, ҳанг зада гурехтанд, баъд овози ўро шунида, ором шуданд, вале Ҳаким онҳоро ба зудӣ як ҷо оварда натавонист. Пас хари буччаи дуртар гурехтаро савор шуда ва харҳои дигарро пеш андохта, сўи овул рафт.
Субҳ дамид. Айнан вақте шуд, ки бояд ў шири саҳарро бор карда меомад.
— Ба шумо чӣ шуд, ако? – аз роҳпоӣ ба танг омада гуфт Ашўра.
— Хуҳарам, ин коргарҳотон нашуданд. Чашмашон ғайр аз хоб чизеро намебинад. Дигараш, ки шири мошиншударо боз ба битонҳо гирифтанд. Битони холӣ нест. Шири саҳар бурдагиамро дар ҳавлии хола Фотима пухтаанд. Вале ҳайрон, ки инашро чӣ кор кунанд.
— Гапатон рост, ако. Ман бояд рафта ин масъаларо ҳал кунам.
— Хуҳарам-муаллима, гапи сахт қатӣ не!..
25
Ҳаким бо кори пешинааш машғул буд: хезум меовард, барои ферма алаф медаравид. Ба бозору магазин рафта меомад. Баъд Ашўра давуғеҷ карда даҳ бидон ёфта овард. Акнун Ҳаким дар роҳи овулу мактабхонаи кўҳна тор метанид. Ҳар боре, ки шир орад, модари Адолат бедор буд... Баромада ба ў ёрӣ медод, бидонҳоро ҳамроҳ мефаровард. Баъд «монда шудед» гуфта як чойник чой меовард. Ағлаб шабҳо, вақте ки аз Сафедхок нишеб мешуд, деҳа чунон ором буд, ки гўё барги ғуллаи дарахтон тамоми садоҳоро фурў мебурда бошанд. Вале имшаб сагони деҳ гирогир доранд.
Деҳа ноором барин. Ҳаким чанде бозистода ба садоҳои деҳа гўш андохт ва якбора тез гашт, ки харҳоро дарёфт кунад, «Их!» гўён сиёсат ҳам кард, ки харҳо тезтар гарданд. Ба хонаҳои аввалини таги адир расида, овози занонаро шунид.





