— Набошад, дам гиред, ман каме гардонам.
— Не, шумо хеле монда шудагӣ барин, зери айвон кўрпа партоям, дам гиред.
— Охир, шумо хоболуд, саришта карда наметавонед. Ба ман дер мешавад..
Дари хонаи Адолат садо баровард.
Пас аз фурсате ў чашмонашро молида-молида ба дар наз дик шуд. Хамёза кашид ва бо даст чашмро аз рўшноии чароғ ҳимоя карда, ба Ҳаким салом гуфт, баъд қадам даруни остона гузошт.
— Ако, ҳамзайлин нағмаҳо ҳам ҳаст-чӣ?
— Акнун, хуҳарам, фурсат ки ёфтед, як ғанав мекунед, набошад, хомхоба мешавед.
— Ҳеҷ гап не, одат мекунем.
— Ҳа, то одат кардан, – Ҳаким сухани ўро тасдиқ карда хест ва корро ба онҳо вогузошта зери айвон баромад.
— Хоб меравед? – аз паси ў баромада пурсид занак.
— Не, як харҳоро хабар гирам...
— Адолатҷон, як дам кор кун, чашм кушода наметавонам, камтар хоб равам. – Дар остона истода гуфт занак ва то дари ҳавлӣ омада, аз паси Ҳаким нигоҳ кард. Ҳаким побанди харҳоро хабар гирифт ва даст пушти бар тарафи ҳавлиаш раҳсипор шуд.
Ў ҳам ҳавлиашро ҳабар гирифт ва ҳам каме ғанаб рафта бо ҳамин тахмин омад, ки онҳо ширро мошин карда шуда бошанду бидонҳоро зудтар бор карда равад. Баргашта дари ҳавлиро баста дид ва боз кўфт.
Адолат омада дарро кушод.
Ду бидон шир монда буд, вале бидонҳо пур-пури шири мошинкарда буданд.
— Охир, ба ман дер шуд, духтарам.
— Чӣ кор кунам?
— Суст меҷунбед-дия.
Аввал Адолат ранҷидагӣ барин чизе нагуфт. Баъд ба ў як масъалаи муҳимро гуфт:
— Ман мошин карда шудан катӣ шумо бидонҳоро бурда наметавонед-ку?
— Чаро?
— Ман ширҳоро дар чӣ мегирам? Ҷогаҳ нест!
— Ман чӣ кор кунам?
— Ман чӣ донам? Хоҳед, ба об резед.
— Чӣӣ?!
Ҳаким ба бидонҳо ҳам нигоҳ накарда харҳоро кушода пеш андохт ва Сафедхокро сарболо шуд. «Чаро ман ба вай дўғ задам?
Дар ҳақиқат гуноҳи ў чӣ? Инро бояд ферма донад ва раису сарони колхоз. Ман ба як одами бегона, ба як мусофир дўғ мезанам... Иш!





