— Муаллима-холем.
— Рост гуфтааст, бачем. Ист, бачем, ист!
Ҳаким дигар тоқати хоб кардан надошт. Ў рост шуда нишаст, баъд ба писараш нигарист.
— Амаки духтур дулўғ гуфт, додо?
Садои суми асп баромад. Байтор ва баччаҳо омаданд. Аз паси онҳо пода ҳам омад. Гови Ало пешопеш меомад.
— Не, бачем, рост.
Говҳоро дўшида нашуда зардии офтоб аз теғаи Бурснова парида буд, вале шафақи он қуллаҳоро равшан медошт ва аз нури шафақ сояи нимранги кўҳҳо ба адирҳо афтида буд. Ҳаким тараддуд кард, ки бидонҳоро ба харҳо бор кунад. Аливу Ғанӣ ба падар ёрӣ доданд...
Ҳаким дари сепаратхонаро кўфт. Ҷавобе нест. Ин дафъа бо таёқи дасташ кўфт.
— Кист? – овози зани хоболуде баромад.
— Ман, Абдуҳаким.
— Кадом Абдухаким?
— Ширкашон.
— Дар ин ғояти шаб чӣ мехоҳед?
— Чӣ мехостам? Шир овардам.
Занак дигар гап назад, аз роғи дар нигарист, баъд дарро кушода, чоки гиребони куртаи шабпўшашро дошт.
— Ин чихелин шир? Пагоҳ биёред, намешуд?
— Пагоҳ ҳам меорам...
Ҳаким бидонҳоро даровард. Занак ҳам либос иваз карда омад.
Вале духтарашро бедор накард. Боз рафта аз хонаи хобашон чароғ овард ва ба токчаи паҳлўи дар гузошта қисмҳои гирифта тоза кардаи сепаратро ҷо ба ҷо пайваст, баъд шир андохта тоб дод.
— Сепаратчӣ шумо ё духтаратон? – пурсид Ҳаким.
— Духтарам, ман онҳо танҳо гуфта омадам.
— Шўяш наомад?
Занак каме хомўш истод, баъд ҷавоб дод:
— Не...
Вале дар зери пардаи ларзони овозаш розе пинҳон буд. Ў аввал дастаи сепаратро зуд-зуд тоб дод. Оҳиста-оҳиста ба фикр рафт ва ё хушаш наомад, ки суст кард ва оқибат боздошт.
Ҳаким каме ба ў нигариста, табассум кард ва даст ба дастаи сепарат бурда, шўхиомез гуфт:
— Битонҳоро зудтар холӣ кардан даркор, пагоҳ боз шир меорам.
Занак ҳоло ҳам дар майнааш дастаи сепарат мегардонд, ки «А?» гуфта як қад парид боз корашро давом доданӣ шуд.
— Не, шумо монда мешавед, рафта Адолатро бедор кунед...
— Не, ман... Адолат ҳам.





