Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 151 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 151 аз 470 · 3 ноябри 2026

Их! Ту нафаҳмӣ, ки дунё чӣ гапҳо дорад. Кӣ медонад, шояд фаҳмию гуфта натавонӣ. Мефаҳмӣ, ба худо, мефаҳмӣ. Агар нафаҳмӣ, «их» гўянд, намегаштӣ, «иш» гўянд, намеистодӣ. Забон надорӣ, баъд худат бевосита ягон корро иҷро карда наметавонӣ.
Ғулом. Ғуломи як қабза беда… Барои ҳамин номат хар ва барои ҳамин борбардор ҳастӣ. Хафа нашав, насибат ҳамин будааст. Их, акнун дер шуд. Аз афташ дигар аз шумо ҷудоӣ нест. Аз пасатон кашола шуда рафтан мегирам..» Ҳаким то овул фикру хаёл кард.
«Ако, чаро дер омадед? Имрўз кўчиданӣ будем» гуфтани Ашўра ўро ба худ овард,
— Хуҳарам-муаллима, дар боғ девор намондааст, девор кардам. «Хонаи беодам – мазор» мегуфтанд, рост будааст. Кўчидан бошад, пагоҳ мекўчем. Баъд, охир, зуд баргашта намешавад, то бидонҳо холӣ мешавад, ки...
— Сепаратчиҳоро дидед?
— Ҳа, шуморо пурсиданд. Сингори худатон занҳои ҳалим.
Лекин тагу тирезашонро напурсидам. Биноӣ, бо одам кушоду рўшод гап мезананд.
Ҳаким хеле шалпар ва гурусна буд. Як табақ ҷурғотро паққос зад. Худро бардам ҳис кард. Баъд Ҳаётро ба сари зонуаш нишонда, ба мўяш панҷа зада ба Ашўра рў овард:
— Хуҳарам-муаллима, байтор куҷо рафт?
— Сари пода. Говҳоро дору мекардааст.
Ҳаким дигар чизе напурсид. Хомўш монд.
Ашўра аз сукути ў маънию рамуз гирифта берун баромад.
Мардак Ҳаёти сесоларо паҳлўяш гузошта ба дил хоб рафт ва фармуд:
— Писарам, пойҳоямро зер кун!
Ҳаёт бо шавқ ба рўи пойҳои падараш баромад. Мушакҳои таранги пои ў аз зери дасту пои кўдак мегурехтанд. Ҳаёт дам ба дам ба ду тараф меғалтид.
— Маҳкам ист, писарам.
— Намешад, додо. Потон меҷунбад.
— Вазнатро партофта хоб рав, писарам.
— Молам, додо?
— Майлат, писарам, майлат... Чӣ хел дастонат форам, Ҳаётҷон.
Бале, шери додош. Дастат дардро набинад, бачем.
— Додо?
— Ҷон!
— Амаки духтурам мегўн, ки ту калон шавӣ, духтарама метиям.
— Ҳа, бачем, гапи очета нагардон, ба акоҳоят гўш кун, ароз накарда хўрок хўр, тез калон мешавӣ.
— Боз мегўн, ки холет занаки нағз.
— Кадом холет?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан