Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 150 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 150 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҳаким ин ҳолро дида ботинан завқ бурд, «инро овул баранд, ки ҳама бинад» аз дил гузаронд. Баъд хост барояд.
Занак аз ў пурсид:
— Ако, ин ҷо мактабхона буд?
— Мактабхона буд. Аслаш ин ҷою манзили Мулло Турсун гуфтанӣ одам буд. Кулак шуда рафт, дигар барнагашт. Ҳавлӣ ба колхоз гузашт. Мактабхона карданд. Мактаби кори калон, ки сохтанд, ин хонаҳо бекор монд. Ба ҳисоби фўрма доданд. Бинед, ки ба шумо насиб карда будааст...
— Мо муҷовир набошем, боз ба худатон мемонад.
— То даррад, дарраду то дорад, дорад, – гуфтаанд, алҳол аз они шумо.
— Мудиратон наомад? – пурсид Адолат.
— Овул ба дигар ҷой кўчад, мебиёд. Хуҳарам, то ман ҳавлиро хабар гирифта омадан зарфҳо холӣ мешавад?
— Мешудагист, – нарм ҷавоб дод Адолат.
Ҳаким то аз дари ҳавлӣ баромада, харҳои дар нўги зерсинҷҳои берун бастаро хабар гирифтан садои сепаратро мешунид. Баъд дар бораи сепаратчиҳо фикр кард. Вале хаёли ўро рахнаи гаштаи боғ парешон кард. Ҳайвонҳо рахнаро гардонда, даромада юнучқаро сарчин ва поймол кардаанд. Савобҷўе ҳайвонҳоро берун ронда, дар рахна шох мондааст. Ҳаким дар ғазаб шуд, зери лаб ғур-ғур карда, «манзили бекас ҳамин» гуфт. Каме ба хаёл рафт, баъд каландро аз оғил бароварда ба ҳукм сўи сарбанд рафта лойоба баста омад.
Аз воти пали юнучқа хок канда, лой карда ва рахнаро сангдевор бардошта зуд баргашт.
— Дер кардед-ку, ако? – аҳвол пурсиданӣ шуд Адолат, ки ҳамроҳи модараш бидонҳои холиро берун бароварда буд.
— Девори боғро гардондаанд, аз нав девор кардам, дер шуд.
Харҳо ҳам дар офтоб қантар шуданд.
— Дар ҳавлӣ ҳеҷ кас нест-чӣ? – рамуз гирифтанӣ шуд модари Адолат.
— Ҳеҷ кас нест.
Занак худ ба худ маъное баровардагӣ барин хомўш монд.
Ҳаким бидонҳоро гардан ба гардан баста болои полони ҳарҳо партофта палтар кашид ва ба сўи овул роҳӣ шуд. Парешон менамуд. «Як марди каппа-калон шабу рўз дар ин роҳ тор танӣ, ҷою манзилат валангор шавад, кӣ раҳмат гўяд? Гўё дигар ба он ҷо барнамегашта бошам. Дидӣ, занакхо мепурсанд, ки ин мактабхона буд? Албатта худам намегуфтам, ки ҷою манзили фалонӣ, истода-истода мепурсиданд. Худо донад, ки аз ў устухон мондааст ё не, лекин хонаҳояш осебе надидаанд. Кўдакон он ҷоро ҳамчун мактабхона донанд, вале калонсолон «ҳавлии Мулло Турсун ва ё мактабхонаи Мулло Турсунӣ» гўянд. Аз ин чӣ, алами мардак кам мешавад? Рафт, ки рафт... Их, эй ҷонвар! Ба овул расем, хуб мехўрӣ.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан