Ҷавонзани болобаланди сафедрў аз дар баромада салом дод ва гўё ба ҷавоби саломаш интизор бошад, лаҳзае хомўш ба тарҳи рўи мардак нигарист. Ҳаким овоз набароварда, боз гуфт:
— Мондаҳо!
— Бале... бале... Сепаратчӣ шумо?
— Ҳа.
— Нағз, – гўё хурсанд шуда, гуфт Ҳаким. Пас гиреҳи ресмонҳоро кушода бидонҳоро фаровард ва як-як ба дарун бурд.
Мактабхонаи кўҳна саҳни васеъ надошт. Гирдогирд хона буда, ҳавлӣ мисли дег менамуд. Хубиаш ҳамин, ки аз зери хонаҳо ва даруни ҳавлӣ об мегузарад. Дар синфи чаҳорум, ки Ашўра соли охирин он ҷо дарс медод, як чизи сурхро ҷувозкунда барин устувор кардаанд. Мисли корсон дўл дорад ва дар ду паҳлў ҷумак.
Ҳаким як назар он чизро дид ва зуд баромад, ки бидонҳои дигарро биёрад.
Аз дари ҳавлӣ як зани миёнсоли барои Ҳаким ношинос духтарчаи чор–панҷсоларо сари даст гирифта омад. Занак салом дода гузашт. Ҳаким ҳам бидони дигарро озод бардошта даромад.
Занак ба ў нигарист, пас ба синфи 8-ум даромад. Ҳаким ҳамаи ширро кашонд, сипас занҳо хилъати сафед пўшида назди бидонҳо омаданд.
— Ин кас модарам, – гўё ба Ҳаким шинос кард ҷавонзан.
— Модари ҷавон доштаед, – ҷавоб гардонд Ҳаким. Занак як табассум карду аз дар берун рафт ва як бидони холӣ оварда, дар зери як ҷуммак гузошт ва ба зери ҷуммаки дигар сатил ниҳод.
Даҳони бидонро яла карда ширро ба сатил гардондан хост, Ҳаким «истед-истед!» гўён бидонро бардошт ва ширро ба сатил гардонд.
Баъд ҷавонзан ширро аз сатил ба дўл холӣ кард. Духтарча ба дар омад.
— Духтари кӣ мешӣ? – миёнашро дол карда пурсид Ҳаким.
— Духтари очем.
— Очет кӣ?
— Ана ун кас, – ҷавонзанро нишон дод духтарча.
— Номашон чӣ?
— Адолат.
— Номи худат чӣ?
— Садолат.
— Бале, Садорати бобо, овул барам, мерӣ?
— Бивем лаван, мелам, – ба модаркалон нигарист духтарча.
Ҳамин вақт Адолат дастаи сепаратро тоб дод. Шири дўл оҳиста-оҳиста фурў нишаст ва ҳамон дам аз як ҷуммак шири кабудча шорид ва фурсате пас аз ҷуммаки дигар саршир рехт.





