Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 148 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 148 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ҷонатро Ҳоҷикулол сохтааст, Шавкат? Аз барои худо, ин чӣ гап? Мо ҷон ба ғарав намондаем-ку! Шумо ин роҳро медонед, мегуфтед, намешуд? – гўё дами тамоми роҳ ба дарун гирифтаашро пайи ҳам сар дода гуфт Нуриддин.
— Додарам, ман сари ҷаҳл омадам, ситеза карда омадам, ба хаёлам ту инро медонӣ. Лекин ту наомада наметавонӣ, касбат, вазифаат...
— Касбу вазифа гуфта...
— Мон акнун, пураш рафту камаш монд, – ором гуфт Шавкат.
— Ҳа, тағо, дар роҳ чойхона ҳаст, ронед!
«Шақ-шақ, шақара- шақ, шақу шақ!»

«Кўзаи навро об хунук» гуфта Ҳаким мисли навошиқ ҳавас кард, ки зудтар ба деҳа шир барад ва бубинад, ки сепараташ чӣ будааст ва чаро ин қадар ба ин чиз эҳтиёҷ карда, маҳз аз шаҳр одам овардааст, ки ин корро сомон диҳад. Бо ҳамин ният саҳари мардон хеста, бидонҳоро лаби об фароварда, тоза шушта, оварда назди хиргоҳ монд, ки ширҳоро андозанд. Ва худ рафта харҳоро полон зад.
Ширполои ба сони моҳи пурра мудавварро ба даҳони бидон гузошта, сатил-сатил шир холӣ мекарданд. Оромии субҳро танҳо садои ширдўшӣ, садои оби сой ва садои чалп-чалп сина макидани гўсолаҳо халалгор мешуданд ва баъзан рези ёнаро садо дода гузаштани ҷонваре, ки тамоми сагҳои овулро безобита мекард.
Сипас овози кабк ва парандаҳо дарак аз фаро расидани субҳ медоданд.
Ҳаким ин пагоҳ Тўйчиро дур рафтан намонд. Бидонҳои пурширро бо ҳам бор карданд. Офтоб теғ накашида се харро пеш андохт. Аввал ў шафақи офтобро дар теғаи шахи Ҳисор дид ва вақте ки Дарвозаро гузашт, офтоб ба олам паҳн шуда буд. Ҳаким мисли ҳамеша андешаманд не, балки болидарўҳ ва андаке хотирпарешон менамуд.
Харҳо монда шуданд, ки канда-канда по мегузоштанд ва шояд аз алам ва ё гуруснагӣ бошад, ки даҳон-даҳон шибоғҳои сари роҳи Чорифро канда мехўрданд.
Баробари аз саргаҳи Сафедхок нишеб шудан Ҳаким як навои қадимаи деҳаро шунид. «Ҳўўў ҳаҳ, ҳааа!» гўён оҳану санг бар сатилкўҳнаҳо зада, аз тут ва арзану гандуми нимдунбул сочу гунҷишк меронданд. Ин садоҳо банавбат такрор мешуд ва баъд аз кадом шохи дарахт садои табар ё теша мебаромад, ки тут меафшонданд.
Ин як чизи муқаррарӣ, вале як оҳанги аҷиб ва халқист, ҳоҷат ба такмил надорад.
Ҳаким дар андешаи дигар аст: «Рост ба мактабхонаи кўҳна мебаред» ба ў фаҳмонда буд Ашўра. Ў ҳам баробари аз Пулак гузаштани харҳо сарашонро ба рост гардонд ва дар назди дари ҳавлӣ боздошт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан