Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 147 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 147 аз 470 · 3 ноябри 2026

Аливу Ғанӣ ба ду сари лангарчўби ғижжак нишаста, боз ба таронаи он гўш доданд. Таронаи Санги Сипар – ситоиши кўҳсори тоҷик, манзараҳои Бурснова, оҳанги найи чўпонӣ ва суруди ҳезумкаши кўҳистонӣ – ҳама маънӣ бар ин садо дода буданд.
Садои ғижжак онҳоро андешаманд кард.
Бунафша чизеро гирифта ба тоз омад. «Муаллима-холем доданд ва гуфтанд, ки ба комаи ғижжакашон монанд» гўён собунпораеро ба бародаронаш дароз кард.
Пас аз лаҳзае байтор нишеб шуда омад.
— Хуб ёфтетон-дия, шерҳо! – баччаҳоро таъриф кард ў.
— Сувор шавед, ако! – таклиф кард Алӣ.
— Не, барои мо айб.
— Айб не, ако, дар як нўгаш шинед, мо тела медиҳем, – Ғанӣ ҳам хоҳиш кард.
— Хайр, – ба таклифи онҳо розӣ шуд ў ва ба нўги ғафстари чўб савор гашт.
Алӣ ғижжакро давр гардонда буд, ки байтор ба як тараф майл кард ва сари тир аз кома баромад. Байтор чўбро байни ронҳо дошта ба ду по ба замин зад.
Дар сари дўнгӣ Ашўраву Бунафша хандиданд.
— Ба ман нашуд, додар, – шарм кардагӣ барин байтор дуртар рафт.
— Ато, ҳой ато, додом ҳежум овалдан! – паҳлўи Бунафша омада фарёд зад Ҳаёт.

24

«Шақ-шақ, шақара-шақ! Шақу шақ, шақара-шақ!»
— Мошинро доштед, тағо?
— Нафасамро рост кунам, ба худо, ки қариб нафасам дарун ғалтад. Нуриддин ҳам меояд, – ба нурҳои равшани чароғи ў нигоҳ карда гуфт Шавкат.
— Субҳ хам дамида истодааст, тағо.
— Боз чӣ қадар мегардем, амак? – дастпўшакхои тибитиро таранг кашида пурсид Шавкат.
— Боз? Ягон даҳ соат.
— Ваҳ!
— Шумо бори аввал-дия, «ваҳ!» мегўед, якчанд бор омада равед, одат мекунед. Роҳи району хонаатон барин наздик мешавад.
Мошини Нуриддин ҳам бозистод. Нуриддин ҷавони баландқомати хандонрў. Гап занад ҳам, механдад, вале ҳоло дари кабинаро кушода, абрў дарҳам кашида баромад. Баробари берун шудан ҳаври димоғаш мисли дуди паровоз фағона зад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан