Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 146 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 146 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ана дидӣ?
— Хайр, гуноҳи ман чӣ? Арзашро ба худо гўяд, ки додомро ин хел халқ кардааст.
— Рост. Лекин ту аз ин ҳафа нашав. Ду соли дигар баъд назди Валӣ меравем. Валӣ ҳозир аълочии омўзишгоҳ будааст.
— Мебинӣ, боз вақти раворав очем «не» мегўяд.
— «Не» гўяд, ба овул наомада, мактаб, ки тамом шуд, рост ба район меравем. Биё, савор шав.
— Не, бас, сарам чарх мезанад...
«Ўў Тўраи худоноумед, аз пушти ту давида гардам? Ин ҷо биё!»
– аз дари каппа баромада фарёд кард Зироат. Ва пас аз хеле вақт садои Бону баромад:
— Алиҷонуу, Ғаниҷонуу! Биёед, хўрок хўред!
Онҳо лангарчўби ғижжакро гирифта ба замин монда, рафтанд.
Бону чанд вақт ба онҳо кор нафармуд, ки мактабро тамом кардаанд, каме дам гиранд. Онҳо аз пеши худ ба гўсоладорӣ ёрӣ медоданд. Ҳоло хўрок хўрда боз ба назди ҷувозак омаданд. Пас аз хеле вақт Тўра ҳам омад.
Ҳамин вақт байтору Ашўра ҳам аспсавор аз боло омаданд.
Тўра ҳамаро фаромўш карда ба ҳамроҳонаш рў овард.
— Ум! – ишора кард ў.
— Чӣ ум?
— Муаллима-холаатро бин!
— Очаатро бин!
— Очаи худат!
— Чӣ фӣ-фӣ мекунӣ? Онҳо ба ҷустуҷўи овулҷои нав рафтанд.
Ту «ум» мегўӣ.
— Ту чӣ очаат гуфтӣ?
— Хап шин, ки як бори дигар биниат хунӣ мешавад, – бародарашро пушт карда гуфт Ғанӣ.
— Ҳаа, хунӣ мешавад. Мана...
— Ҳў дак...
— Хап шин, Ғанӣ, – гўён ҳамлаи ўро боз гардонд ва баъд ба Тўра рў овард: – Ту ин хел будаӣ, ки модарат мезадааст. Агар ҳамин гапатро Фўрма фаҳмад, ҳамаатро пеш мекунад.
— Фўрма ба шумо кӣ мешад, ки ин қадар алам мекунад?
— Ба кӣ будану кӣ шуданаш корат набошад, фисин!
— Хайр, дар ягон ҷо танҳо бинам!..
Ғанӣ дурўғин ба замин хам шуд, ки санг гирифта ўро занад.
Тўра пушт гардонда бо ду даст сарашро дошт, то санг назанад ва хеле вақт ҳамин зайл истод. Баъд Аливу Ғанӣ баробар хандиданд.
Тўра ба онҳо нигоҳ карда дид, ки масхара мекунанд, зери лаб ғур-ғур карда рафт. Сари дўнгӣ баромада, бори дигар нигарист ва даст бар манаҳ соида, гўё риши набуромадаашро қабза карда, ба онҳо бо ангушти ишорат таҳдид кард: «Хайр, ош накун!»

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан